Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Гулистон,
ҶДММ Осоишгоҳи “Баҳористон” Email: info@bahoriston.tj

Фармоиши занг

+992 92 858-55-55
Ru
Tj
En

Ҷуғрофия

Маълумоти умумӣ

Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ ҷойгир шудааст. 93 % ҳудуди Тоҷикистон, иборат аз 141,1 ҳазор км.кв.,  кўҳсор  мебошад, ки ба низомҳои кўҳии Осиёи Миёна – Тяншон ва Помир тааллуқ доранд. Дар сарҳади  шимолӣ хамиши Фарғона, дарозиаш 300 км ва бараш то 170 км ҷойгир шудааст. Дарозии бузургтарин аз шимолу ғарб ба ҷанубу шарқ 700 км, аз шимол ба ҷануб 350 км-ро ташкил медиҳад. Иқлими континенталӣ  бо  тағйиротҳои калони шабонарўзӣ ва мавсимии ҳарорати ҳаво, миқдори ками боришот, хушкии ҳаво ва камабрӣ. Ҳарорати миёнаи моҳи январ аз +2 то -2С дар водиҳо ва қаторкўҳҳои ҷанубу ғарб ва шимоли ҷумҳурӣ  то -20Стағйир меёбад ва дар Помир паст мегардад. Ҳарорати пасттарин то -63С дар Помир (Бурункул) мерасад. Ҳарорати миёна дар моҳи июл  дар водиҳои ҷанубу ғарб аз 30С боло то 0С ва дар Помир паст мегардад. Ҳарорати баландтарин ба  48С (Панҷи поён) баробар аст. Мамнўъгоҳҳо ва минтақаҳои табиӣ Дар соли 2004 ҳамаи ҳудудҳои ҳифзшавандаи табии Тоҷикистон дар маҷмўъ масоҳати 3,1 млн. га ё 22% масоҳати ҷумҳуриро ташкил медиҳанд ва 4 мамнўъгоҳи масоҳати умумиашон 173418 га, 13 минтақаи парваришгоҳ дар масоҳати  313260  га, 1 боғи миллии масоҳати умумиаш  2,6 га, 1 минтақаи таърихӣ-табиӣ – 3000 га ва 1 минтақаи табиӣ – 3805 га дар бар мегиранд. Мамнўъгоҳҳо: «Бешаи палангон» (масоҳат— 49700 га); «Ромит» (масоҳат— 16100 га); «Даштиҷум» (масоҳат— 19700 га); «Зоркўл» (масоҳат— 87700 га). Боғҳои миллӣ ва минтақаҳои табиӣ: Боғи Миллии Тоҷикистон Минтақаи таърихӣ-табиии Ширкент Минтақаи табиии Сари Хосор Кўлҳо Кўлҳои калонтарин — Қарокӯл, Сарез, Искандаркўл, Зоркўл, обанбори Қайраққум. Конҳо Дар шимоли Тоҷикистон дар вилояти Суғд яке аз калонтарин конҳои нуқра – Кони Калони Мансур ҷойгир шудааст.

по материалам wikipedia.org

Рақами телефони худ ба мо фиристед ва мо ба шумо тамос хоҳад кард!