Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Гулистон,
ҶДММ Осоишгоҳи “Баҳористон” Email: info@bahoriston.tj

Занг зан

+992 92 858-55-55
Ru
Tj
En

Омилҳои муолиҷавии табиӣ

1-(23).jpg“Баҳри тоҷик”

Осоишгоҳ дар соҳили баҳр қарор дорад. Илова бар ин, дар баҳри ғайриоддӣ. Онро ҳатто дар харитаҳои Яндекс наметавон дарёфт кард. Ин обанбори сунъӣ, ки дар солҳои 50-уми асри гузашта бунёд гардидааст, комилан иқлими маҳалро тағъйир дод.

Баҳр аз чашмаҳои кӯҳсорон лабрез мешавад. Зеро, 93%-и ҳудуди Тоҷикистонро куҳҳо иҳота мекунанд. Бар замми ин, баҳр киштигард нест. Бинобар ин, ба андозае тоза аст, ки ягон минтақаи курортии дигар, ки наметавонад худро ситоиш кунад

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон иқлими хушк дорад. Давраи бебориш то панҷ моҳ идома меёбад. Ин пайвандии атмосфераи хушк бо оби чашмасорон, ки баҳр аз он иборат аст, дар ҳақиқат таркиби нодири ҳаворо бо оби иондор ба вуҷуд меорад.

Барои нафароне, ки дар шаҳрҳои азим умр ба сар мебаранд, муддати 2-3 ҳафта будубош дар иқлими баҳрии мусоид, ки бар замми он намнокии зиёд ба монандӣ шаҳрҳои соҳили баҳрӣ вуҷуд надорад, басо муфид аст. Зеро, ин шароит натанҳо ба тоза гардидани роҳҳои нафас имкон медиҳад, балки ба серии организм аз оксиген, ки дар шаҳрҳои азим норасоӣ дорад, боис мегардад.

Табибони Осоишгоҳи “Баҳористон” курсҳои махсуси варзиши сабуки муолиҷавии роҳҳои нафасро таҳия намудаанд, ки барои қувват бахшидан ба таъсири муфиди ҳавои баҳрии ҷонбахш имкон медиҳад.

Варзиши сабук дар соҳили баҳр гузаронида мешавад, ки диққати асосӣ ба нафасбарорӣ нигаронида шудааст. Нафасбарории пурра бо таваққуфи кӯтоҳ ба инсон имкон медиҳад, ки дар оғоз шушҳоро аз боқимондаҳои ҳаво тоза кунад. Сипас, бо нафасгирӣ ба таври комил организмро бо оксиген ва иони манфӣ, ки ҳавои баҳрӣ аз он бой аст, таъмин намояд. Ин ҳама ба қабули миқдори фавқулодаи оксиген ба организми инсон аз ҷумла, ба узвҳои ҳаётан муҳим чун мағзи сар ва дил, ки дар ҳаёту фаъолияти муқаррарӣ дастнорас аст, боис мегардад. Ин ҳама нерӯи фаровони бардамӣ, саломатӣ ва кайфияти аъло мебахшад.

Об

Чи тавре қаблан таъкид гардид, об ба баҳр аз чашмасорон ҷорӣ мешавад. Оби мазкурро дар инҷо барои нӯшидан низ истифода мебаранд. Илова бар ин, аз ҷумакҳо низ чунин оби чашамасорон мешорад. Бинобар ин, дилхоҳ нушидан ва истеъмоли ғазо дар ин минтақа шифобахш аст. Зеро, организмро бо оби таркибан “дурусти” чашмасорон сероб мекунад.

Лойи табобатӣ

Дар халиҷи баҳрӣ лойе дастрас карда мешавад, ки хусусияти шифобахшии мӯъҷизавӣ дорад. Зеро, ин лой дар макони аз намаки табиӣ бойбуда, ба вуҷуд меояд ва таркиби минералие дорад, ки организми инсон беш аз ҳама ба он танқисии музмин мекашад. Аз норасоии минералҳо ҳангоми ба вуҷуд омадани гормонҳо, ферментҳо ва дигар моддаҳои ҳаётан муҳим тағйироти гуногун рӯй медиҳад. Бинобар ин, ҳангоми таъмини минералҳо тавассути пӯст, дар фаъолияти организми инсон худтанзимкунӣ ба амал меояд.

Ғайр аз ин, дар марҳилаи ба вуҷуд омадани лой растаниҳои зиёди шифобахши Тоҷикистон ширкат меварзанд. Маҳсулоти таҷзия бошанд, моддаҳои биологии фаъолро ҳосил мекунанд. Ин ҳама маҷмӯъ, таъсири пурқуввати зидди илтиҳобӣ, бедардкунӣ дорад ва дар муолиҷаи бемориҳои гуногуни музмин, бемориҳои узвҳои такя ва ҳаракат аз ҷумла, осеоходроз, артрит ва артроз ивазнашаванда мебошад. Табибони осоишгоҳ натиҷаи хуби муолиҷаро бо лойи шифобахш ҳатто дар ҳолатҳое, ки муолиҷаи анъанавӣ кӯмакрасон нест, таъкид мекунанд.

Табобат бо ин лой ба одамон дар барқарорсозии сироятнопазирӣ алалхусус, ба нафароне, ки мунтазам шамол мехӯранд хеле муҳим аст. Ба ин табақаи одамон табобати осоишгоҳӣ – курортӣ на камар аз як маротиба давоми сол, таъинот карда мешавад.

Гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон

Иқлими куҳӣ ва фарвонии офтоб ба гиёҳҳои Тоҷикистон хусусиятҳои зиёди шифобахшӣ ҳадя намудаанд. Гиёҳҳоро дар Тоҷикистон аз минтақаҳои куҳӣ ва аз лиҳози экологӣ тоза ҷамъ меоваранд. Чунин вонамуд мегардад, ки растаниҳои ба мо маъмулӣ дар инҷо хусусиятҳои бағоят пурқуввати шифобахшӣ доранд. Масалан, райҳони маҳаллӣ кори системаи сироятнопазириро ба танзим медарорад, хусусиятҳои зиддиуфунӣ дорад, дар мавриди муолиҷаи диққи нафас, бемориҳои ишшемиявии дил, газаки меда бо муваффақият истифода мешавад. Он дар барқарорсозии қувват ва беҳбудии кори мағзи сар фавран кӯмак мерасонад. Ба ихроҷи оби изофагӣ боис мегардад ва дар пайдоиши санги роҳҳои пешоббарор монеа эҷод мекунад.

Қоқу - ҳазми таомро беҳбудӣ мебахшад, кори ҷигарро танзим менамояд. Қиёми онро ҳангоми авитаминоз, камхунӣ, бемориҳои тарбод ва дарди мафосил махсусан, дар мавриди гирифторӣ ба иллати гуногуни пӯст – домана, рихинак, даммал истеъмол мекунанд.

Ҳулбӯи куҳӣ – воситаи беҳтарин ҳангоми асабзаифӣ, воситаи нарми хушҳолкунанда, хоб ва рӯҳияро мӯътадил мекунад.

Мумиё

Аллакай бисёр нафар бо ин марҳами куҳӣ, ки хусусиятҳои аҷиб дорад, шинос мебошанд. Яке аз муҳимтарини онҳо - ин ихроҷи маҳсулоти таҷзия аз организм мебошад, ки барангезандаи ҳуҷайраҳои саратон ба шумор меравад. Қабули давравии мумиё ба сокинони шаҳрҳои азим, бошандагони маҳалҳои ҳолати ногувори экологӣ дошта бо мақсади пешгирӣ аз ин бемории мудҳиш зарур аст.

Мумиёро аз куҳҳои Тоҷикистон дастрас мекунанд ва табибони осоишгоҳ истифодаи онро дар мавриди бемории гуногун бо муваффақият аз худ кардаанд. Ба ҳайси мисол, хусусияти аҷиби мумиё бартараф сохтани ҷойи кукшуда ва раванди илтиҳоқ мебошад, ҳангоми муолиҷаи амрози илтиҳоби занона истифода мешавад. Зеро, дар аслиҳаи табибони корортӣ методҳои физиотерапевтие мавҷуданд, ки расондани маводи доругиро бевосита ба манбаи илтиҳоб, имкон медиҳанд. Истифодаи мумиё дар мавриди бемориҳои системаи роҳҳои нафас, илтиҳоби простата, илтиҳоби меъда, газаки меъда, шикаст, дарди миён, илтиҳоби асаб ва чанде дигар бемориҳо, хеле хуб кӯмак мерасонад.

1.jpg

Обҳои сулфидӣ

Ин обҳо бо бӯи бисёр тез фарқ мекунанд. Вале, бо вуҷуди ин ҳама, чи тавре ба пӯст, ҳамон гуна ба организм таъсири муолиҷавии мафтункунанда мерасонанд. Ҳангоми таъсири сулфид ба пӯст дар бандакҳои асаб ҳолати варамидан мушоҳида мешавад. Ин дар навбати худ, ба васеъшавии рагҳои хурд боис мегардад, ки аз он пӯст бо шиддат сурх мешавад, хунгардии он инчунин, дар бофтаҳои зер: халтачаи банду буғумҳо, тағоякҳо, узвҳои дохила беҳбудӣ меёбад. Сулфид раванди мубодилаҳоро фаъол менамояд, захираи энергетикии ҳуҷайра ва бофтаҳоро меафзояд, равандҳои таҷдидро қувват мебахшад, таъмини хунро ба узвҳо ва бофтаҳо беҳтар мекунад, истеъмоли оксигенро зиёд менамояд, фишори раги шараён ва равандҳои мубодилавиро ба танзим медарорад.

Пас аз қабули ваннаҳои сулфиди гидрогенӣ ҳамеша хоҳиши хоб рафтан фаро мегирад. Ба ин ҳолат эзоҳи тиббӣ мавҷуд аст. Ҳангоми қабули ваннаҳои сулфиди гидрогенӣ дар системаи марказии асаб равандҳои боздорӣ ба равандҳои барангезиш бартарӣ нишон медиҳанд. Ғайр аз ин, моддаҳои фаъоли ин об ҳолати системаи асабро ба танзим медароранд, ки дар навбати хуб ба табъи хуб, костагии пуризтиробӣ ва хоби беҳтар боис мешавад.



Аксҳои Баҳри тоҷик

Рақами телефони худ ба мо фиристед ва мо ба шумо тамос хоҳад кард!