Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Гулистон,
ҶДММ Осоишгоҳи “Баҳористон” Email: info@bahoriston.tj

Фармоиши занг

+992 92 858-55-55
Ru
Tj
En

Оиди осоишгоҳ

Дар гӯшаи ободу зебои вилояти Суғди Тоҷикистон, дар соҳили обанбори мусаффои Қайроққум, ки ҳамчунин, “Баҳри тоҷик” меноманд, осоишгоҳи наву замонавӣ “Баҳористон” ҷойгир аст. Осоишгоҳ бо инфрасохтори ҷадид, заминаи муосири ташхисӣ-табобатӣ ва сатҳи баланди хизматгузорӣ маҳбубият пайдо намудааст.





Маънии вожаи “Баҳористон”, макони пур аз гулу сабзаҳои рангоранг, боғи ниҳоят хуррам аст. Интихоби ин ном тасодуфӣ набуда, муассиси осоишгоҳ Бонки Миллии Тоҷикистон дар соҳили “Баҳри тоҷик” воқеан макони камназирро бо шароити беҳтарин барои истироҳату табобати комил фароҳам сохтааст. Минтақаи сабзазору хуррами осоишгоҳ 22 гектарро дар бар мегирад. Банақшагирии зебову мусоиди ҳудуд, иншоотҳои гуногунтарҳ, пайроҳаҳои зебо бо чароғпояҳо дар услуби куҳан, газон бо алафи сабзи кушод ва гулҳои гуногунранг, шумори зиёди фаввораҳои тасвиркорона дар тобистон, шипангҳои бароҳат бо кандакории миллӣ, пайкараҳои гуногун, гӯшаҳои кӯдакон, ҳавзҳои кушод бо ҳудуди ҷиҳозонида барои истироҳат, минтақаҳои сайри чаман – ин ҳама муҳайё гардидааст, ки ҳар як меҳмони осоишгоҳ ба таври комил ҳузуру ҳаловат барад.

Бо мақсади қабули меҳмонон 4 биноҳои истиқоматӣ бо ҳуҷраҳои гуногундараҷаи бароҳат, системаи ягонаи мӯътадилкунандаи ҳарорати дохили бино бунёд гардидаанд. Ба хоҳишмандони истироҳат дар хилватгоҳ 10 коттеҷҳои дуошёна ба 4-5 нафар ҳар яке пешниҳод мешаванд. Дар маҷмӯъ, осоишгоҳ метавонад зиёда аз 800 нафар меҳмононро дар як вақт қабул намояд.

Осоишгоҳ плаж ё худ кули сунъии ободу зеборо дорад. Дар Тоҷикистон моҳҳои июн-сенябр мавсими шиноварист. Вале, аллакай дар моҳи май рӯзҳои гарм зиёданд. Омилҳои муолиҷавии аҷиби табии, заминаи муосири ташхисӣ-табобатӣ, табибони пуртаҷрибаи осоишгоҳӣ ва ҳайъати кормандони миёнаи тиббӣ муолиҷаи бемориҳоро аз рӯи таъйиноти мазкур имкон медиҳанд:

  • Системаи роҳҳои нафас
  • Дилу рагҳои хунгард
  • Такя ва ҳаракат
  • Бемории нисоӣ
  • Бемории идрорӣ
  • Узвҳои ҳозима

Натиҷаи муолиҷаҳо ба кулли нафароне, ки дар Осоишгоҳи “Баҳористон” табобат гирифтаанд, таъсирбахш аст.

  • 98% бо беҳбудӣ мераванд
  • Муҳлати миёнаи ифоқа баъд аз муддати муолиҷаҳо 9 – 12 моҳ
  • Гирифторӣ ба беморӣ 2 – 3 маротиба кам мешавад

Осоишгоҳ барои қабули оилаҳо бо кӯдакони хурдсол басо мувофиқ карда шудааст. Инҷо боғчаи бачагона бо гӯшаҳои зиёди шавқовар ва дорои пайкараҳои қаҳрамонони афсонаҳои халқӣ муҳайёст. Волидоне, ки мехоҳанд истироҳат кунанд ё муолиҷа гиранд, барои гузоштани кӯдаконашон зери назорати мураббиён дар имконият мавҷуд аст. Маконе, ки ба волидон ва ҳам кӯдакон писанд меояд.

Ба табобат кӯдакон аз синни 4-сола қабул карда мешаванд. Бо ин мақсад дар осоишгоҳ табиб – педиатор фаъолият дорад. Имконияти мазкур барои кӯдаконе, ки онҳоро шамолхурии мунтазам таҳдид мекунад, дар системаи роҳҳои нафас, узвҳои такя ва ҳаракат мушкилӣ доранд, аз бемории узвҳои ҳозима ва аллергия азият мекашанд, айни муддаост. Бовар дошта бошед. Оилаҳое, ки фарзандони мактабхон доранд, бо номгӯи ин бемориҳо аз наздик шинос ҳастанд.

Боис ба таъкид аст, ки сафар ба Осоишгоҳи “Баҳористон” – имконияти буду бош дар минтақаи аз лиҳози экологӣ тоза мебошад. Зеро, дар инҷо оби ошомиданӣ ва барои омода намудани таомҳо аз чашмаҳои куҳсорон буда, маҳсулот ғизоӣ комилан табиист. Дар Тоҷикистон кайҳост, ки аз нуриҳои минералӣ истифода намебаранд. Доир ба моддаҳои генномодификатсияшуда сухан ҳам намегӯем. Ба таври оддӣ, чунин моддаҳо инҷо вуҷуд надоранд. Бинобар ин ҳам, таомҳо хеле лазизанд. Иқлими баҳрӣ дар навбати худ ба организми инсон таъсири мусбӣ мерасонад. Меҳмоннавозии шарқӣ бошад, дилхоҳ нафаронеро, ки ба Осоишгоҳи “Баҳористон” меоянд, тасхир месозад!



Марҳамат, ба Осоишгоҳи “Баҳористон” оед ва меҳмони олиқадри мо бошед!




Рақами телефони худ ба мо фиристед ва мо ба шумо тамос хоҳад кард!