Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Гулистон,
ҶДММ Осоишгоҳи “Баҳористон” Email: info@bahoriston.tj

Фармоиши занг

+992 92 858-55-55
Ru
Tj
En

Хӯрок

IMG_9215.jpg

   Дар осоишгоҳ тановули хӯроки мухталиф дар шакли Мизи шведӣ  ба таври олӣ  ташкил карда шудааст. Таъомҳои парҳезӣ, ки аз ҷониби духтурони-парҳезшинос тавсия дода шудааст, пешниҳод гардида барои хоҳишмандон хӯрокҳои мизи умумӣ пешкаш карда мешавад. Ҳар як меҳмон имкон дорад, то хӯроки ба табъи худашро интихоб намояд. Фаъолияти мизи шведӣ, бо таври ба меҳмонон қулай, ташкил карда шудааст. Наҳорӣ аз соати 07:00 то 09:00, хӯроки нисфирӯзи аз соати 12:00 то 14:30 ва хӯроки шом аз соати 18:00 то 20:30 ба роҳ монда шудааст.Толори  барҳавои таомхўрӣ, хизматрасонии боадабонаи пешхизматон, ғизои куллан ба ғизои дар шароити хона омодакардашуда шабеҳ – барои саодатмандии том боз чӣ намерасад! Гуфтан ҷоиз аст, ки  ғизои дуруст тавозункардашуда ба шумо имкон медиҳад, ки вазни зиёдатии баданро бартараф намоед. Дар рўйхати таомҳои пешниҳодшаванда ҳамеша гўшти гов, гӯсфанд, заргӯш, моҳӣ, маҳсулоти ширӣ, мева, сабзавот, меваҷот, шарбатҳо, нӯшокиҳои мухталиф, мизи пурғановати витаминҳо, маҳсулоти ордии пухташуда мавҷуданд.

    Мусиқаи фораму дилнавоз ҳангоми хўроки нисфирўзӣ  иштиҳоро меорад ва табъро болида мегардонад. Барои омодакунии ғизо маҳсулоти тарутоза истифода шуда, раванди коркарди аввали он дар коргоҳи ошхонаи худии дорои технологияи баланд, ки бо таҷҳизоти муосиртарин муҷҷаҳаз гардонида шудааст бо нигаҳдошти талаботи катъии санитарӣ, ба роҳ монда мешавад.

   Ғизое, ки ба арзиши роҳхат дохил карда шудааст, барои меҳмонони дар биноҳои гуногун сукунатдошта, дар толори таомхўрии  бинои асосӣ  ташкил карда шудааст. Ғайр аз ин, дар ҳудуди  осоишгоҳ  фаъолият мекунанд:

   • Чойхонаи “Дилкушо”.  Таомҳои миллӣ пешниҳод мешаванд. Чойхона бо услуби миллии кандакории чўб  сохта шудааст. Тамоми сол, ҳар рўз аз соати 7 то 23  фаъолият мекунад. Ташкили маъракаҳо  имкон дорад .

   • 6 қаҳвахонаи тобистона  – «Jack Daniels», “Ситора”, “Шаббода”, “Файзи баҳор”, “Истироҳат”, “Сим-сим” дар хизмати мизоҷон қарор доранд. Дар  давраи гарми сол  аз моҳи май то охири моҳи октябр, аз соати  7 то 24 фаъолият мекунанд


Аксҳо

Рақами телефони худ ба мо фиристед ва мо ба шумо тамос хоҳад кард!