• 02
  • 05
  • 07

Flag Counter
Яндекс.Метрика

Мусоҳибаи Директори ҶДММ Осоишгоҳи «Баҳористон» Абдуҷаборов Абдураҳмон Абдулваҳобович

     «Оид ба натиҷаҳои фаъолияти осоишгоҳи «Баҳористон» дар соли 2016 ва нақшаҳои корӣ дар соли 2017» Осоишгоҳи «Баҳористон» муассисаи табобатию пешгирикунандаи бемориҳо мебошад, ки ҷиҳати солимгардонӣ, муолиҷаи осоишгоҳӣ-курортӣ ва аз нав барқароркунӣ махсус гардонида шудааст. Пояи тиббии Осоишгоҳ имкони мусоиди гузаронидани муоинаи амиқи дарбаргирандаи маслиҳати духтурони ботаҷриба, тадқиқоти лабораториву дастгоҳӣ ва гирифтани протседураҳои табобатию солимгардониро фароҳам меорад.   Давоми хониш ...

Дастури президент оид ба ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон ба Осоишгоҳи «Баҳористон»

   Дар фарҷоми сафари корӣ ба вилояти Суғдояти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои ободонӣ дар Осоишгоҳи Баҳористон шинос шуд.
   Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, танҳо дар давоми 3 моҳи аввали соли 2016 аз ҳисоби даромади софи осоишгоҳ як қатор корҳои ободонӣ, аз ҷумла сохтмони фаввораи замонавӣ дар саҳни ҳавлӣ, боғи паррандагони нодир бо кабк, товус, тутӣ, бедона ва шинонидани гулу буттаҳои ороишию дарахтони зебои сояафкан иҷро карда шудааст.
Зимни шиносоӣ аз шароиту имконоти осоишгоҳ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти он баҳри ҷалби ҳарчи бештар . . . Давоми хониш >>>

Реҷаи кори хуҷраҳои табаботӣ

    Аз 3 марти соли 2016 кори хуҷраҳои табаботӣ аз рӯи реҷаи “бе рӯзи истироҳат” ба роҳ монда мешавад. Реҷаи кории хуҷраҳои табаботӣ (физеотерапевтӣ) рӯзҳои душанбе - ҷуъма аз соати 8:00 то соати 16:00, рӯзи шанбе аз соати 8:00 то соати 13:00 муайян карда мешавад.

    Аз сабаби оғози реҷаи кори мавсими тобистона аз моҳи июн ва август соли равон муолиҷаҳо дар рӯзҳои истироҳат фаъолият намебаранд.

    Дар мавсими тобистона ба ҳамаи истироҳаткунандагон тавсия дода мешавад, ки оббози дар соҳили баҳр ва сайругашти пагоҳирӯзӣ бо гирифтани нафаси озоди баҳри барои саломати беҳтарин мебошад.

Ҳолатҳои пешгирӣ аз бехатарии зидди сухтор

Дар санаи 4 феврал соли 2016 дар ҳудуди Осоишгоҳи машқҳо омузишӣ оиди пешгирии зидди сухтори аз тарафи конрмандони идораи зидди сухтории ш.Кайроққум гузаронида шуд.
Дар мудати гузаронидани машқҳо кормандони Осоишгоҳ аз қоидаҳои зидди сухтор дар коргоҳу-идора ва тарзи огоҳикунони ва пешгирии он фаҳмонда шуд.
Аз тарафи кормандони Шуъбаи бехатарӣ Осоишгоҳ намоишҳои оиди таёрии бахш дар ҳолати сарзадани сухторро ба кормандони Осоишгоҳ пешкаш намуданд.
Занги хатори ба Шуъбаи бехатари ворид шуда ва ин гурӯҳ дар ҳолати фаврӣ аз уҳдаи ин амал баромада ва асбобҳои лозимро ба кор меандозад.
Бояд қайд намуд, ки нуқтаҳои барои сухтор дар пеши ҳама биноҳо мавҷуд аст, ки ин коро хеле осон ва ҳолати сар задани сухторо пешгири менамояд.
Умедворем ки ин машқҳои тайери танҳо дар машқҳо дар зерии мо боқи монад.

Қарз барои истироҳат ва табобат дар Осоишгоҳи “Баҳористон”

    Аз 1 феврали соли 2016 сар карда ҶДММ Осоишгоҳи “Баҳористон” ва ТХД“Арванд” лоихаи қарздиҳии фуруши рохҳатҳои истироҳату табобати Осоишгоҳи “Баҳористон”-ро оғоз карданд. Акнун зазурияти маблағҷамкунӣ ва мунтазирӣ ба рухсатии меҳнатӣ нест. Кифоя аст, ки ба “Арванд” муроҷиат карда қарз гиред.
   Барои ахбороти зарури гирифтан метавонед ба ракамҳои +992 44 640-66-40, +992 92 858-55-55 , +992 92 795 00 01 занг занед.

Тараққи ва ташвиқи бароҳандозии марказҳои хизматрасонӣ дар Осоишгоҳи “Баҳористон”

Осоишгоҳи “Баҳористон” дар масъалаҳои тарғибу ташвиқ ва нуфузӣ табобати истироҳатию осоишгоҳи ва солимгардонии мардум ва ҷалби бештари шаҳрвандони хориҷӣ бо урфу одати қадими миллати тоҷик саҳми бо сазо гузаштааст.
Барои дастрасӣ ва кам харҷ гаштани роҳхатҳо роҳбарияти Осоишгоҳ кушодани марказҳои фуруши роҳхатҳоро дар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурӣ бароҳ мондааст, ки мисоли он метавонанд ш.Истаравшан шуд, ки дар моҳи январи соли 2016 фаъол гардид.
Фаъол гардидани ҳамкориҳо бо ширкатҳои туристии дохили ва берун аз он ба хуби эҳсос мегардад.

CERT INTERNATIONAL

Аз санаи 10 то 13 ноябри соли 2016 аз тарафи мақомоти сертификатсиякунони CERT INTERNATIONAL системаи идоракунии сифат гузаронида шуд ва дар натиҷа Осоишгоҳи “Баҳористон” мавкеъи худро дар асосӣ стандартҳои идоракунии сифат ISO 2001:2008 тақвият бахшид. Мурабиёни CERT INTERNATIONAL якчанд машғулиятҳо ҷиҳати ба роҳандозӣ ISO 2001:2015 ба 22 роҳбарон ва коргарони Осоишгоҳ бо методҳои идоракунии аудит шинос намунад.
Аз ин пас кормандони мо соҳиби Сертификатиҳои менеҷерон ва аудиторон гаштанд, ки ин ҳам бошад барои гузаронидани аудити дохилӣ дар асосӣ хизматрасониҳои стандартӣ идоракуниии сифат дохили Осоишгоҳ мустақил имкон пазир гардид.

Осоишгоҳи “Баҳористон” дар намоишгоҳи туристӣ ширкат намуд

  18 майи соли 2015, дар доираи амалисозии нақша-чорабиниҳои «Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2017»,  дар шаҳри Хуҷанд намоишгоҳи туристи бо ширкати осоишгоҳҳо ва ширкатхои туристии вилоят баргузор гардид.
  Муассисаи пешсаф миёни осоишгоҳҳо ва хизматрасониҳои меҳмонхонаҳо инчунин дар самти табобату беҳдошти саломатӣ дар намоишгоҳи туристӣ, ки аз ҷониби Раёсати ҷавонон, варзиш ва саёхии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилояти Суғд доир карда шуд, ширкат намуд. Бо сухани ифтитоҳи  Муфассал >>>

Осоишгоҳи «Баҳористон» Рӯзи оиларо таҷлил намуд

     Чорабиниҳои тантанавӣ, бахшида ба Соли оила, имрӯз (14.05.1915) дар беҳтарин, миёни истироҳатгоҳҳои Тоҷикистон – Осоишгоҳи “Баҳористон” доир гардиданд. Ба “Баҳористон”, аз тамоми қаламрави вилояти Суғд оилаҳои намунавӣ, ки дар рушду нумӯи иқтисодиёти кишвар саҳмузор мебошанд, даъват гардида буданд. Барои онхо дар толори маросимҳои осоишгоҳ хони идона ороста шуда, гурӯҳҳои эҷодӣ, бо савту навои худ ба ин маҳфил хушиву хурсандӣ замъ намуданд. «Оила ҳамчун асоси ҷомеъаи муосир     Муфассал >>>

Хизматрасонии нави табобати дар Осоишгоҳи “Баҳористон”

Дӯстони азиз! Ба таваҷҷухи Шумо мерасонем, ки Осоишгоҳи “Баҳористон” хизматрасониҳои нави табобати пешниҳод мекунад.  
    1. Сабти барқии майнаи сар - ЭЭГ (электроэнцефалография) 
 Пизишк: Ибрагимов Исломхон, пизишки дараҷаи олӣ, нейрофизиолог. 
   Реҷаи корӣ: Сешанбе 15:00-17:00 , Ҷумъа 15:00-17:00 
   2. Ташхиси сурхрӯда, меъда, рӯдаи 12-ангушта бо таҷҳизоти ЭФГДС (видео эзофагофиброгастродуоденоскопия)-и “SONY” .  
   Пизишк: Мирзобоев Далер, гастроэнтеролог-эндоскопист  
   Реҷаи корӣ: Сешанбе 1500-1700 , Ҷумъа 1500-1700  
   Осоишгоҳи “Баҳористон” ҳамеша дар хизмати Шумост!

Ғолиби мусобиқаи футбол муайян гардид!

        Мусобиқаи  навбатии байналмилалии оид ба футбол «Ҷоми Баҳористон - 2015" ба охир расид. Шаш дастаи довталаб  аз Тоҷикистон ва Қазоқистон барои ҳуқуқи гирифтани унвони Ғолиби мусобиқа қувваозмои карданд.  Аз рӯзи аввали мусобиқа  футболбозон мухлисони худро бо бозии шавқовар хурсанд намуда, онҳоро то ба охир расидани бозиҳо  дар тааҷуб нигоҳ доштанд. Дар натиҷаи ҷамбасти холҳои ба даст оварда Ғолиби мусобиқа ва соҳиби «Ҷоми Баҳористон - 2015» дастаи «Истиқлол» дониста шуд. Давоми хониш...

Баҳористони Шумо боз соҳиби як сертификат шуд

   Дар натиҷаи баҳогузорӣ дар ҳамагуна хизматрасониҳо табобатӣ, шифохона, хизматрасонии меҳмонхонавӣ, ташхис ва табобати мизоҷони амбулаторӣ Осоишгоҳи “Баҳористон” ба “Сертификати мутобиқати системаи менеҷменти сифат”лоиқ гашт. Аз сертификати мазкур бармеояд, ки системаи менеҷменти сифат ба талаботҳои стандартҳои байналмилалӣ СТ ҶТ ИСО 9001 : 2009 ( ISO 9001 : 2009) мутобиқ аст. Давоми хониш>>> 

Осоишгоҳи Баҳористон шаҳодатномаи навбатии байналмилалиро гирифт

       Намояндагони ташкилоти байналмилалии «CERT INTERNATIONAL» дар рафти маросими тантанавӣ ба роҳбарияти Осоишгоҳи “Баҳористон” шаҳодатномаи ISO 9001:2008 супориданд. Шаҳодатномаи мазкур силсилаи стандартҳои байналмилалиро ба талаботҳои низоми менеҷменти сифати ташкилот ва муассисаҳо инъикос менамояд. Дар асоси натиҷаҳои аудитӣ ташкил шуда, ки мутаносибан бо қоидаҳои шаҳодатнома гузаронида шуд, ташкилоти «CERT INTERNATIONAL» тасдиқ намуд, ки сохтори менеҷменти ташкилоти ҶДММ Осоишгоҳи “Баҳористон” дар муолиҷаи соҳаи осоишию истироҳатӣ, меҳмонхона ва хизматрасонии табобатӣ-ташхиси ба мизоҷони амбулаторӣ ба талаботи стандарти ISO 9001:2008 мувофиқат мекунад. Давоми хониш>>>

Роҳхатҳо боз ҳам дастрас шуданд

   Хушхабар аз “Баҳористон”! Роҳхатҳои Осоишгоҳи “Баҳористон” боз ҳам дастрас шуданд. Акнун, агар 15-рӯз пеш аз мӯҳлати табобату истироҳат аз намояндагиҳои мо дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд роҳхатҳои осоишгоҳро харидорӣ намоед, ба Шумо 5% тахфиф пешниҳод карда мешавад.

  Намояндагиҳои мо дар Тоҷикистон:
ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 40 (дар назди Маркази савдои “Садбарг”). Рақамҳои телефонӣ: 98 500 88 55, 93 300 88 55. Намоянда Насриддинов Беҳрӯз.

ш.Хуҷанд, кӯч. Камоли Хуҷандӣ 108 (дар назди кинотетри “Ватан”). Рақамҳои телефонӣ: 92 755 55 05, 98 880 55 55. Намоянда Тошхӯҷаев Дилшод.

Дастоварди навбатӣ дар самти сифат

   Санаи 27 майи соли ҷорӣ Кумитаи иҷроияи ИДМ дар шаҳри Минск маросими ҷоизасупориро ба лауреатҳои Ҷоизаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2013 барои муваффақият дар самти сифати маҳсулот ва хизматрасонӣ барпо намуд. Беҳтарин ташкилотҳо аз ҳафт давлатҳои Иттиҳод, ки дар соҳаи худ муваффақ шудаанд, соҳиби ҷоизаҳо, дипломҳо ва тӯҳфаи махсус гардиданд. Тоҷикистонро дар ин маросим Осоишгоҳи “Баҳористон” муаррифӣ намуд. Бо хушнудӣ таъкид менамоем, ки Осоишгоҳи “Баҳористон” туҳфаи махсус “Эътирофи камолоти корӣ”-ро сазовор гардид.

tadzh_more.jpg

Осоишгоҳ дар соҳили баҳр қарор дорад. Илова бар ин, дар баҳри ғайриоддӣ. Онро ҳатто дар харитаи Яндекс наметавон дарёфт кард. Ин обанбори сунъӣ, ки дар солҳои 50-уми асри гузашта бунёд гардидааст, комилан иқлими маҳалро тағъйир дод. Баҳр аз чашмаҳои кӯҳсорон лабрез мешавад. Зеро, 93%-и ҳудуди Тоҷикистонро куҳҳо иҳота мекунанд. Бар замми ин, баҳр киштигард нест. Бинобар ин, ба андозае тоза аст, ки ягон минтақаи курортии дигар наметавонад то ба ин ҳад худро ситоиш кунад.


Фотогалерея

Аксҳо

Наворҳо

main.jpg

Оиди осоишгоҳ:

Дар гӯшаи ободу зебои вилояти Суғди Тоҷикистон, дар соҳили обанбори мусаффои Қайроққум, ки ҳамчунин, “Баҳри тоҷик” меноманд, осоишгоҳи наву замонавӣ “Баҳористон” ҷойгир аст. Осоишгоҳ бо инфрасохтори ҷадид, заминаи муосири ташхисӣ-табобатӣ  ва сатҳи баланди  хизматгузорӣ маҳбубият пайдо намудааст.

Маънии вожаи “Баҳористон”, макони пур аз гулу сабзаҳои рангоранг, боғи ниҳоят хуррам аст. Интихоби ин ном тасодуфӣ набуда, муассиси осоишгоҳ Бонки Миллии Тоҷикистон дар соҳили “Баҳри тоҷик” воқеан макони камназирро бо шароити беҳтарин барои истироҳату табобати комил фароҳам сохтааст. Минтақаи сабзазору хуррами осоишгоҳ 22 гектарро дар бар мегирад.  Банақшагирии зебову мусоиди ҳудуд, иншоотҳои гуногунтарҳ, пайроҳаҳои  зебо бо чароғпояҳо дар услуби куҳан, газон бо алафи сабзи кушод ва гулҳои гуногунранг, шумори зиёди фаввораҳои тасвиркорона дар тобистон, шипангҳои бароҳат бо кандакории миллӣ, пайкараҳои гуногун, гӯшаҳои кӯдакон, ҳавзҳои кушод бо ҳудуди ҷиҳозонида барои истироҳат, минтақаҳои сайри чаман – ин ҳама муҳайё гардидааст, ки ҳар як меҳмони осоишгоҳ ба таври комил ҳузуру ҳаловат барад. 

муфассал...

Пешниҳоди савол


Ваше Имя
Ваш email*
Ваш телефон
Ваш вопрос*
 

* - required fields

Заказать звонок


Ваше имя*
Ваш телефон*
 

* - required fields