Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Гулистон,
ҶДММ Осоишгоҳи “Баҳористон” Email: info@bahoriston.tj

Фармоиши занг

+992 92 858-55-55
Ru
Tj
En

Роҳбарият

Директор Директор ҶДММ Осоишгоҳи "Баҳористон"     

Маҳмудов Рустам Мирзомуродович

Баланд бардоштани нуфузи Осоишгоҳи “Баҳористон”
     

 Ба ҳамагон маълум аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати тарақии соҳаи туризм ва ташвиқи табобати истироҳатию осоишгоҳӣ дар минтақа диққати ҷиддӣ медиҳанд, ва бо ин сабаб ба души мо як масъулияти бисёр калоне оиди тадбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои беҳсозии шароити зист, ободу зебогардонии атроф, баланд бардоштани нуфузи Осоишгоҳи “Баҳористон” гузошта шудааст. 

     Алакай нархгузорӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ амалӣ гашта истодааст. Аксияи барои истироҳат барои ҳама моҳҳои зимистон фаъолият менамояд. Мо диққати маҳсус ҷиҳати истироҳату солимгардонии кудакон дар моҳи январ барномаи махсусӣ “Истироҳатӣ оилавиро” ба роҳ мондаем, ки ин ҳам бошад барои солимгардонии миллат кори басо муҳим мебошад. Дар моҳи декабр соли гузошта нақшаи рушду тарақии осоишгоҳ барои солҳои 2016 тасдик гардид. Дар рафтӣ стратегии рушди тиҷорати мо на танҳо рушди бозори дохилиро балки туризми байналмилалиро низ ба инобат гирифтем.
     Дар ҳудуди Тоҷикистон ва минтақа Осоишгоҳи “Баҳористон” яке аз пешрафтарин ва лидери асосӣ дар соҳаи осоишгоҳи-истироҳати ва туризми доҳили ба ҳисоб меравад.
Нақшаҳои мо дар ин рузҳо барои тарақию сайёҳии дохили ва ҷалби бештари истироҳаткунандагонро аз ҳисоби кишварҳои арабӣ ва ховари миёна дар бар мегирад.
   Бояд қайд намуд, ки иқтидори Осоишгоҳи “Баҳористон” имкони дар як ҷои майян дар рейтинги кишварҳои Осиёи Миёна барои ҷалби истироҳаткунанадгон шуда метавонад.
    Дар моҳи ноябри соли 2015 аз тарафи Маъмурияти ташкилот “CERT INTERNATIONAL” аудити системаи менеҷменти сифат гузаронида шуд. Дар натиҷа Осоишгоҳи “Баҳористон” мавкеъи худро дар ҷои махсус бо сертификати ISO 9001:2008 нигоҳ дошт. Устодони “CERT INTERNATIONAL” силсила дарсҳо, машкҳои барои идораи ISO 9001:2015 барои роҳбарият ва кормандони Осоишгоҳ гузарониданд ва ҳамчунин бо методикаи идораи аудит шинос намуданд.
    Аз декабри 2015 шартнома миёни ширкати саёҳии байналмилалӣ “Европорт” корҳонаи фаръии “Авиакомпании “Уралские авиалинии”” амал менамояд, ки алакай роҳхатҳои Осоишгоҳи тариқи Екатеринбург ва Уфа ба фуруш бароварда шуда истодааст.

Мусоҳибаи директор

Рақами телефони худ ба мо фиристед ва мо ба шумо тамос хоҳад кард!