Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Гулистон,
ҶДММ Осоишгоҳи “Баҳористон” Email: info@bahoriston.tj

Фармоиши занг

+992 92 858-55-55
Ru
Tj
En

Тоҷикистон

Тоҷикистон – марвориди Осиёи Марказӣ 

1-(24).jpg

Тоҷикистон  мавзеи нодири ҷолиби таваҷҷўҳ барои сайёҳони муосир ба шумор меравад. Зеро, дорои осори мўҳташами маданӣ-таърихӣ, маданияти хосса, ҷойгиршавии мусоиди ҷуғрофӣ, гуногунии манзараҳои табиӣ, маҳаллҳои истироҳат, наботот ва ҳайвонот мебошад.

Таърихи миллати тоҷик ба қарнҳои қадим, ба оғози тамаддуни инсонӣ  мутааллиқ аст. Бозёфтҳои  қадима, ки дар ҳудуди  Тоҷикистони муосир дарёфт шудаанд тасдиқи ин гуфтаҳоянд. Мисол, шаҳрҳои қадимаи Кўлоб, Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент ва шаҳри қадимаи дар ҳудуди Панҷакент ҷойгирбудаи ориёиёни қадим Саразм. Бозёфти  осорҳои нахустини асри сангин соли 1956  ҳодисаи фавқулодда гардида буд. Дар ҳудуди кишвар  60 нуқтаи бозёфтҳои олотҳои сангин дарёфт гардиданд. Дар истгоҳҳои дарёфтгардида, ки дар баландии 4 200 метр аз сатҳи баҳр баланд, дар маҳалҳои  дастнораси  баландкўҳ ҷойгир шудаанд, зиёда аз 10 ҳазор олотҳои сангин бозёфт шуданд. Онҳо дар шакли олотҳои калонҳаҷми бел, белчаҳо, олотҳои новашакл, ки дар коркардашон анъанаҳои давраи палеолит боқӣ мондаанд, пешниҳод шудаанд. Синни осорҳои бозёфтшудаи асри сангин ба асрҳои VIII –V то давраи мелод  мутааллиқ аст.

Тасвирҳои болоидеворӣ – петроглифҳо, ки дар шахҳо  ё сангҳои алоҳида  канда шуда, дар шакли тасвири  ҳайвонҳо, одамон ё композитсияҳои пурра омадаанд,  соҳаи махсуси  тадқиқотҳои бостоншиносӣ мебошад ва дар айни замон зиёда аз 10 ҳазор тасвирҳои рўи санг бозёфт шудаанд. 

Кўҳҳо ва водиҳои Тоҷикистон, халқҳои дар ҳудуди он сукунатдошта дар маъхазҳои муаллифони  қадима Плиний ва Птолемей зикр шудаанд. Дар бораи сафарҳои худ  ба Помир  сайёҳи   итолиёвӣ Марко Поло навиштааст, ки ба шарафи ў як намуди бузи кўҳии Помир  номида шудааст.

1-(22).jpg

Ҳудуди Тоҷикистон аз давраҳои қадим дар шафати роҳҳои таърихии Абрешим, ки Шарқу Ғарбро пайваст мекард, ҷойгир буд. Тоҷикистон дар савдои  байналмилалӣ  ва мубодилаи маданӣ мавқеи хеле муҳимро ишғол мекард ва минтақаҳои қадимаи Бохтар – Таҳористон (Чағониён, Шумон, Аҳорун, Қубониён, Вахш, Хуталон, Рашт, Кумед, Дарвоз, Ванҷ, Рўшон ва Вахон), Суғд, Истаравшан (Усрушана) ва Фарғонаро  бо Ҳиндустон, Афғонистон ва Хитой  мепайваст. Роҳи бузурги Абрешим  на танҳо роҳи савдову тиҷорат, балки  воситаи мубодилаи мадании  миллатҳои дар шафати роҳи мазкур сукунатдоштаро иҷро мекард.  

Дар айни замон вобаста ба ташаккули робитаҳои  байналмилалии тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва маданӣ Роҳи бузурги Абрешим рамзи дўстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва муносибати  некбинона байни миллатҳои дар шафати роҳи мазкур сукунатдошта  гардидааст. Ташкилоти Байналмилалии Савдо  ва Юнеско  бо ҳамкорӣ бо   сохторҳои миллии сайёҳи ҷумҳурӣ  бо назардошти  мероси пурғановати  маданӣ-таърихии миллатҳои дар шафати Роҳи Абрешим сукунатдошта тадбирҳоро  оиди инкишофи  инфрасохтори сайёҳӣ ва меҳмондории минтақаи мазкур, азҷумла Тоҷикистонро андешида истодаанд. Дар солҳои истиқлолият аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои муҳим оиди барқарорсозӣ ва сохтмонӣ роҳҳои нави нақлиётии дорои аҳамияти  байналмилалӣ  татбиқ гардиданд. Бахшида ба ҷашнвораи 1100-солагии таъсисёбии давлати Сомониён роҳи автомобилии Кўлоб-Хоруғ-Кулма бо баромад ба шоҳроҳи Қароқурум ба истифода дода шуд. Роҳи номбурда Тоҷикистонро бо Хитой ва Покистон пайваст менамояд ва имконияти баромадро ба роҳҳои баҳрӣ медиҳад, ки ин барои мубодилаи сайёҳӣ ва татбиқи лоиҳаи ТБС «Сайёҳӣ дар Роҳи Абрешим» заминаи хуберо фароҳам меорад.

Имрўз дар шаҳрҳои қадимаи Тоҷикистон – Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент, Кўлоб, ки симои онҳо дар тўлӣ солҳо дигаргун шудааст, анъанаҳои қадимаи таърихӣ, маданӣ ва касбии худро эҳтиёткорона ҳифз мекунанд. То имрўз сулолаҳои маъруфи маҳсулоти зардўзӣ, устоҳои шоҳибоф, абрабоф, батик, гулдўзон, тоқидўзон, бофандагон, заргарон, устоҳои кордсоз, кулолгарон амал мекунанд, ки шўҳрати  маҳсули дасти онҳо  дар тамоми ҷаҳон паҳн шудааст.

Байни сайёҳони ба шаҳрҳои зикршуда ташрифоварда бештар сайёҳии  кишваршиносӣ маъмул аст, ки ҳангоми он  ғайр аз омўзиши анъанаҳои таърихӣ, маданият ва маишати миллатҳо, сайёҳон таҳти роҳбарии устоҳои маъруф метавонанд  асосу малакаҳои касбҳои қадимаи  фаромўшшударо  омўзанд. Инчунин сайёҳон метавонанд ҳангоми саёҳати худ дар кишвар ҳам дар меҳмонхонаҳо, ҳам дар меҳмонии сокинони маҳаллӣ ҷойгир шаванд, то ки  маданияти меҳмондории аслии шарқӣ ва тоҷикӣ, ҳаёти рўзмарраи  сокинони маҳаллӣ чуқуртар омўзанд. Махсусан саёҳон дар хонаҳои сокинони Яғноб, намояндагони  тамаддуни қадимаи суғдиён, соҳибони урфу одат, маросимҳо ва махсусан  забони қадимаи суғдӣ, ки аз тарафи сокинони Яғноб маҳфуз мондааст, ҷойгир шуданро дўст медоранд. 

Обанбори Қайроққумро баҳри тоҷик меноманд, ки он дар самти шарқии Хуҷанд ҷойгир шуда, дар натиҷаи  сохтмони   неругоҳи барқӣ-обӣ дар маҷрои дарёи Сир ба вуҷуд омадааст ва маҳалли беҳтарини истироҳати сайёҳон гардидааст. Дар соҳилҳои он осоишгоҳҳо, хонаҳои истироҳат, кемпингҳо дар иҳотаи боғҳои мевадор ҷойгир шудаанд. Мисоли аён – Осоишгоҳи «Баҳористон» аст, ки дар соҳили  обанбори Қайроққум сохта шудааст ва маҷмааи  осоишӣ-солимгардонӣ маҳсуб мешавад.  

Санаторий ҳам дар байни сокинони маҳаллӣ (сайёҳони дохилӣ), ки рухсатиҳо ва рўзҳои истироҳатро дар осоишгоҳ мегузаронанд, ҳам дар байни сайёҳони  хориҷи дур ва наздик (сайёҳони байналмилалӣ) маъруф гардидааст. Осоишгоҳи «Баҳористон» минтақаи муосири истироҳатӣ мебошад, ки ба ҳамаи талаботҳо ва меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгў буда, дар Тоҷикистон дар қатори дигар объектҳои  сохтори сайёҳии тоҷик яке аз объектҳои  асосии сайёҳии байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

1-(12).jpg

Тоҷикистони муосир – кишвари кўҳии дорои баландтарин қуллаҳо аз 300 то 7495 метр аз сатҳи баҳр  боло мебошад. 93% масоҳати кишварро  қаторкўҳҳо ташкил мекунанд, ки ба низомҳои қаторкўҳҳои Помир, Ҳисору Олой ва Тяншан тааллуқ доранд. Қаторкўҳҳои зикршуда бо заминҳои серҳосили водиҳои Фарғона, Зарафшон, Вахш ва Ҳисор тақсим шудаанд. Мураккабии сатҳи хок ва баландии мухталифи низомҳои кўҳӣ  барои   гуногунии  нотакрори олами ҳайвонот ва наботот замина гардидааст.

Тоҷикистон – кишвари қуллаҳои осмонбўс, пиряхҳои бузурги бисёрсола, дарёҳои пурталотуми тезмаҷро, кўлҳои зебоияш нотакрор, манзараҳои тасхиркунандаи табиат, наботот ва ҳайвоноти нодир мебошад. Маҳз манзараҳои дилрабои кўҳӣ махсусият ва нотакрории табиати Тоҷикистон, ғановати шаклҳои онро, ки дар заминаи  гуногунии минтақаҳои иқлимӣ ба вуҷуд омадааст, муайян менамояд. Дар ҷумҳурӣ дар тўли парвози якунимсоата аз гармии тоқатфарсои водии Вахш ба сардии арктикии барфҳои абадии Помир расидан мумкин аст ва маҳз ҳамин  боигарии миллати тоҷику   сарзамини қадимаи он  сокинони тамоми дунёро ба ин ҷо такроран ҷалб менамояд.

Дар асоси 13 мамнунгоҳҳо ва минтақаҳои махсус «Зоркўл», «Ромит», «Мозкўл», «Даштиҷум», инчунин Боғи миллии Тоҷикистон шакли табиии дигаргуннашудаи қадима, экологияи нотакрор, манзараҳо ва осорҳои табиӣ маҳфуз нигоҳ дошта шудаанд. Инчунин намудҳои нодири аздастрафтаи растаниҳо ва ҳайвонҳо ба Китоби Сурх ворид карда шудаанд, азҷумла бузи морхўр, бузи кўҳӣ (бузи Марко Поло), гўсфанди кўҳии бухорӣ (уреал),  оҳуи  холдори бухорӣ, паланги барфӣ, хирси  тяншонӣ, кафтори рахрах, ғози кўҳии ҳиндӣ. Дар ҳудуди ҷумҳурӣ 84 намуди  ширхўрон,зиёда аз 365 намуди паррандагон, 49 намуди хазандагон, тақрибан 52 намуди моҳиҳо ва 1000 намуди ҳашарот мавҷуд аст. Набототи Тоҷикистон зиёда аз 5000 намуди растаниҳои олиро дар бар мегирад, ки байни онҳо растаниҳои эндемикӣ кам нестанд. 

Масоҳати Боғи миллии Тоҷикистон тақрибани 2,6 миллион гектарро ташкил медиҳад, ки 18 % масоҳати кишвар ва 60% Вилояти Мухтори Бадахшони Кўҳиро фаро гирифтааст. Дар таи солҳои охир аз ҷониби Маъмурияти Боғи миллӣ   баҳри инкишофи  инфрасохтори сайёҳии экологӣ ва беҳтаргардонии  вазъияти экологии минтақаҳои баландкўҳи Помир  тадбирҳои фаъол андешида шудаанд, ки  бо сабаби гармшавии иқлими умумиҷаҳонӣ ва бадшавии вазъияти экологии сайёра ин самти асосии  сайёҳи дар тамоми ҷаҳон табдил шудааст.

Яке аз минтақаҳои нодири табиат дар саргаҳи Амударё номи «Бешаи палангон»-ро дорад. Ин ҷо дар шароитҳои табии аслӣ  ҳайвонҳо, азҷумла оҳуи хонгул, ғизоли даштии ҷейрон, леопард, гурбаи қамишӣ, кафтор, тазарви сиёҳу тиллоии тоҷикӣ, кабки саҳроии чил, ўқоби морхур, хуки ваҳшӣ, қашқалдоқ, ҷайра  зиндагӣ мекунанд.  Хазандагони барои илму тибб муҳиму зарурӣ  куброи осиёимиёнагӣ, гурза, мори афъӣ ва як қатор морҳои безаҳр мавҷуданд. Дар дарёҳо ва кўлҳо моҳиҳои  гулмоҳӣ, маринка, лаққамоҳӣ, моркалла, суфмоҳӣ, амури сафед, дар поёноби дарёи Вахш моҳии қадимаи реликтӣ – скафирингус мавҷуд аст.

Дар ҷумҳурӣ  125 объекти  моҳияти сайёҳӣ ва осоишӣ-истироҳатӣ дошта амал менамояд, азҷумла 51 меҳмонхона, 9 осоишгоҳ, боқимонда хонаҳо ва минтақаҳои истироҳат,  бошишгоҳҳои сайёҳӣ, бошишгоҳҳои солимгардонӣ мебошанд. Аксарияти меҳмонхонаҳо дар ш. Душанбе, Хуҷанд, Қурғон-теппа, Кўлоб ва Хоруғ ҷойгир шудаанд.

Дар Тоҷикистон 3 фурудгоҳи байналмилалӣ дар ш. Душанбе, ш. Хуҷанд ва ш. Кўлоб мавҷуданд. Ҳудуди ҷумҳуриро аз самти ғарб ба шарқ 3 шохаи роҳи оҳан убур мекунанд, ки минтақаҳои марказӣ, шимолӣ ва ҷанубии кишварро тавассути кишварҳои ҳамсоя ва дўст, аз ҷиҳати  таърих ва тамаддун, урфу одат ва дин ба  тоҷикон наздики Туркманистон ва Ўзбекистон пайваст мекунанд.

Захираҳои табиӣ ва истироҳатии ҷумҳурӣ, мавҷуд будани мероси таърихӣ ва маданӣ хусусиятҳои маҳсули ташаккулёфтаи миллии сайёҳиро муқаррар менамоянд, ки пешбарӣ ва татбиқи он дар бозорҳои ҷаҳонии хизматрасонии сайёҳӣ ҷараёни сайёҳони хориҷиро ба Тоҷикистон таъмин менамояд. Оиди ин маълумоти омории аз ҷониби мақомоти  барои пешбарии соҳаи мазкур масъул Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷистон  шаҳодат медиҳад.

Рақами телефони худ ба мо фиристед ва мо ба шумо тамос хоҳад кард!