Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Гулистон,
ҶДММ Осоишгоҳи “Баҳористон” Email: info@bahoriston.tj

Фармоиши занг

+992 92 858-55-55
Ru
Tj
En

Хизматрасонии корпоративӣ

Дар осоишгоҳ имконияти хуби қабул ва хизматрасонии гурўҳҳо ва баргузории чорабиниҳо мавҷуд аст.

Барои чорабиниҳои корпоративӣ осоишгоҳ мпешниҳод менамояд:

• Имконияти ҷойгиркунии меҳмонон дар давоми тамоми сол: Чор бинои истиқоматии тамоми сол амалкунанда, ки метавонанд 665 нафарро қабул намоянд, 10 котеҷ, хонаҳои тобистонаи синфи сарфакор, ғунҷоиши умумиашон – 98 нафар.

• Ғизои меҳмонон тибқи рўйхати пешниҳодшавандаи таомҳо дар ошхона, ё тибқи рўйхати махсуси таомҳо.

• Толори конфронс барои баргузории чорабиниҳои калон ва хурд. Дар маркази толор мизи давра бо 30 ҷои нишастгоҳ бо мониторҳо ва таҷҳизот барои тарчумаи синхронӣ. Дар шафати деворҳо курсиҳо барои 40 ҷои нишаст ҷойгир шудаанд. Дар толори конфронси мо формуҳои байналмилалӣ, гуфтушунидҳои кишварҳои иштирокчиёни СҲШ, семинарҳои ташкилотҳои байналмилалӣ баргузор шудаанд.

• Толори конфронс дар бинои асосӣ барои 50 нафар. Толор бо техникаи муосири аудио барои маърўзаҳо, проекторҳо бо лавҳҳо, насб ба шабакаи интернет ва дигар воситаҳои техникӣ таҷҳизонида шудааст.

• Толори кино ва консерт барои 180 ҷои нишаст. Бо кинопроектори формати HD, лавҳи калон ва техникаи муосири аудио барои маърўзаҳо таҷҳизонида шудааст. 

• Ташкили базмҳо, фуршетҳо, ҷашнҳои корпоративӣ барои 150 нафар.

Барои гурўҳҳои варзишӣ:

• Ҷойгиркунии каммасраф ва қулай дар хонаҳои тобистона то 98 нафар (ишора)

• Майдончаҳои варзишӣ:

• Толорҳои  тренажерӣ дар биноҳои асосӣ ва дуюми истиқоматӣ (барои ҳамаи меҳмонони осоишгоҳ), тренажерҳои муосир барои ҳамаи гурўҳҳои мушакҳо, ҳудуди тарозуи озод барои варзиши вазнбардорӣ.

• Ду майдони калон барои бозии футбол бо рўпўши алаф, дорои нишастгоҳ барои тамошобинон.

• Майдончаи теннис бо рўпўши полиуретанӣ.

• Майдончаҳои кушод барои бозии волейбол ва баскетбол.

• Роҳравҳо барои дав, ки байни дарахтони сўзанбарг ва паҳнбарг ва соҳил  гузошта шудаанд.

• Сайрхатҳои дучархаҳо, иҷораи дучархаҳо.

Рақами телефони худ ба мо фиристед ва мо ба шумо тамос хоҳад кард!