Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Гулистон,
ҶДММ Осоишгоҳи “Баҳористон” Email: info@bahoriston.tj

Фармоиши занг

+992 92 858-55-55
Ru
Tj
En

Осоишгоҳи “Баҳористон” – танҳо беҳтарин хизматрасонӣ ба меҳмонони азиз!

Абдумалик Мухамматович, мегуфтед, ки осоишгоҳ кадом омилҳои нотакрори худро дорад?

Осоишгоҳ дар соҳили обанбори Қайроққум қарор дорад, ки ин дар навбати худ табиати зинда, дарахтони зебои сӯзанбарг, рӯзҳои зиёди офтобӣ ва иқлими баҳрӣ мебошад. Аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муассиси осоишгоҳ, ин макон барои бунёди он бесабаб интихоб нагардидааст, ки имрӯз беҳтарин дар Тоҷикистон ба шумор меравад.

Осоишгоҳи “Баҳористон” баҳри фароҳам сохтани шароитӣ хуби истироҳатӣ ва солимгардонӣ барои шаҳрвандони кишвар ва меҳмонони хориҷӣ бунёд гардида, фаъолият мебарад. Бо ин мақсад, осоишгоҳ инфрасохтори пешрафта, ҳайати кормандони баландихтисос ва таҷҳизоти муосири тиббиро дорост. Муҳим он аст, ки осоишгоҳ дар наздикии шаҳри зеботарин Хуҷанд бо таърих ва фарҳанги куҳан қарор дорад. Барои меҳмонони мо бошад, аз манзараҳои зебои кӯҳсорони Тоҷикистон бо шаршараҳо, кӯлҳо ва ҳавои тозатарин имконияти шиносоӣ ҳамеша фароҳам аст.

Махсусан, мехоҳам таъкид намоям, ки дар осоишгоҳ омилҳои пуриқтидори муолиҷавӣ аз таббиати миллӣ ва ҳам воридшаванда истифода мегарданд. Дар табобат мо аз лойқаи машҳури кӯли овозадори тоҷик Аксикон, лойқаи кӯли Саки ва оби сулфид, ки сарчашмааш дар ҳудуди осоишгоҳ қарор дорад, истифода мебарем. Ҳамчунин, ҳавзи муосири пушида бо маҷмааи ҳаммом, марказҳои – СПА бо дастгоҳи пешсафи ЭССМА ва Эксселлент мавҷуданд.

Дар мо заминаи устувори ташхисӣ бунёд гадидааст, ки ҳатто дар давраи кӯтоҳмуддат муолиҷаи осоишгоҳӣ-курортӣ барои нигаҳдории тандурустӣ имкон медиҳад. Муҳим аз ҳама, 20 нафар табибони баландпоя ва пуртаҷрибаи марказҳои барқароркунӣ-солимгардонӣ ва курортҳо кор мекунанд.

Дар осоишгоҳ аз кадом бемориҳо шифо ёфтан имконпазир аст?

Омилҳои нотакрори муолиҷавии табиӣ, заминаи муосири ташхисӣ – табобатӣ, табибони пуртаҷрибаи курортӣ ва ҳайати миёнаи тиббӣ барои шифои комил аз чунин гуруҳи бемориҳо мусоидат мекунанд: бемории роҳҳои нафас, бемориҳои ишшемиявии дил, системаи асаб, узвҳои такя ва ҳаракат, бемории нисоӣ, бемориҳои идрорӣ, узвҳои ҳозима.

Кулли нафароне, ки дар мо муолиҷаи осоишгоҳӣ-курортиро гузаштаанд, натиҷаи хуб ба даст меоранд. 98% муолиҷагирандагон бо беҳтаршавӣ бар мегарданд. Муҳлати ифоқат ё худ бардамӣ баъд аз давраи муолиҷагирӣ 9-12 моҳро ташкил медиҳад. Касалшавӣ 2-3 маротиба кам мегардад.

Аз Русия чи қадар сайёҳон меоянд? Чаро русҳоро интизоред, ба онҳо чиро метавонед пешниҳод кунед?

Давоми соли 2013 дар осоишгоҳи мо зиёда аз ҳазор нафар русҳо истироҳаткарданв ва саломатии худро барқарор намуданд, ки дар қиёс бо соли пешин ин нишондиҳанда се маротиба рӯ ба афзоиш ниҳод! Ҷоизи қайд аст, ки Осоишгоҳи “Баҳористон” ҳамагӣ се сол инҷониб фаъолият дорад. Вале, эътирофи онки шумори истироҳаткунандагони мо аз ҳисоби шаҳрвандони Русия майл ба афзоиши босуръат дорад, боиси хушнудист.

Аз як тараф ин омилро ҳамчун натиҷаи чораандешии мо дар роҳи баромадан ба бозори хориҷӣ метавон маънидод кард. Аз дигар ҷониб, бояд гуфт, ки Осоишгоҳи “Баҳористон” дар заминаи “Хонаи истироҳатии Қайроққум”, маконе, ки замони шӯравӣ барои барқарорсозии саломатӣ аз тамоми гӯшаву канори ҷамоҳири сотсиалистӣ, махсусан аз Русия меҳнаткашон ташриф меоварданд, бунёд гардидааст. Барои шаҳрвандони Федератсияи Русия бошад, “Баҳористон” натанҳо муассисаи осоишгоҳӣ-курортӣ маҳсуб меёбад, балки як гӯшаи сабзу хуррам ва афрӯзандаи хотироти наҷиб аз гузаштаи нек ба шумор меравад. Зеро, барои меҳмонони азизи худ “Баҳористон” табиати нотакрораш, хизматгузории олӣ, саёҳатҳо, меваҷоту сабзавоти тару тоза, таомҳои миллӣ муҳим аз ҳама, меҳмоннавозии тоҷиконаро пешниҳод мекунад.

Ба осоишгоҳ аз кадом давлатҳо ташриф меоранд?

Ба осоишгоҳ аз давлатҳои ИДМ ба монанди Қирғизистон, Қазоқистон, Узбекистон, Туркманист, Русия, Белорусия, Украина инчунин, аз Аврупо, давлатҳои Араб, Хитой, Ҳиндустон, ИМА ва Канада дар маҷмӯъ, аз 30 мамолики дунё ташриф меоранд.

Рушду нумӯи осоишгоҳ чи гуна суръат мегирад?

Дар оғози фаъолияти худ фонди ҳуҷравии Осоишгоҳи “Баҳористон” 300 кат/ҷойро ташкил медод. Имрӯз бошад, ин рақам ба 800 кат/ҷой баробар гардид, ки дар навбати худ аз иншооти нав, ҷойҳои нави корӣ ва номгӯи зиёди муолиҷаҳо ва хизматгузориҳои нав далолат медиҳад.

Таъкиди он зарур аст, ки Осоишгоҳи “Баҳористон” соли 2013 соҳиби ҷоиза ва шаҳодатномаи “Беҳтарин сифати молу маҳсулот ва хизматрасонӣ”-и Маркази Тоҷикстандарти ҷумҳурӣ ва “Беҳтарин осоишгоҳи сол” гардидааст. То ба имрӯз бошад, дар самти баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дар осоишгоҳ низоми идоракунии сифат ИСО 9001:2008 дар раванди ҷоришавӣ буда, роҳандозии системаи автоматикунонидашудаи “Здравнитса”, ки ба стандартҳои байналхалқии сифати хизматрасонӣ дар муассисоти осоишгоҳӣ-курортӣ ҷавобгӯй аст, дар марҳилаи анҷомёбист. Мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки имрӯз Осоишгоҳи “Баҳористон” пешсафтарин осоишгоҳ дар Тоҷикистон буда, ба стандартҳои байналхалқӣ ҷавобгӯй мебошад.

Рақами телефони худ ба мо фиристед ва мо ба шумо тамос хоҳад кард!