Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Гулистон,
ҶДММ Осоишгоҳи “Баҳористон” Email: info@bahoriston.tj

Фармоиши занг

+992 92 858-55-55
Ru
Tj
En

Ҷашнгирии Иди Сада

    Маҳз ҷашни Сада барои эҳтиром гузоштан ба Хуршед ва оташу рӯшноӣ асос гузошт ва боиси он гардид, ки одамони қадим ба ин муқаддасот эътиқод пайдо намоянд ва онҳоро ситоиш созанд. Агар Хуршед бо нури гармии худ ва фурӯзонии хеш ба зиндагии одамон гармӣ ворид карда бошад, пас, оташу рӯшноӣ барои мунаввар сохтани қалби онҳо ва идомаи зиндагиашон асос гузошта, баъдҳо онҳо ба ду ҷавҳари муқаддас табдил ёфтаанд, ки дар устураҳо ҷанбаи парастишӣ пайдо кардаанд ва баъдҳо аз ҷониби мӯъбадон ситоиш ва ниёиш ёфтаанд. Ба таври дигар, пас аз садсолаҳо, оташ намои Ҳурмузд маҳсуб ёфта, дар оини зардуштӣ ҷойгоҳи хос дошт ва бо усулҳои мухталиф парастиш мегардид.
    Сада ҷашни кадими точикон аст. Ин анъана, аз давраи Пешдодиён аз подшоҳии шоҳ Ҳушанг оғоз ёфта дар давраи Сомониён ва то асри 12 чашн гирифта мешуд.
    Мувофиқи ривояти "Шоҳнома" Ҳушангшоҳи пешдодиён ин ҷашнро асос гузоштааст. Гӯё Ҳушанг ҳамроҳи дарбориёнаш дар саҳро ба море дучор меояд. Ҳушанг сӯйи мор санг меандозад. Санг бар санги дигар бархӯрда аз он оташак меҷаҳад ва ба ҳамин васила оташ кашф мегардад. Минбаъд одамон ба ҳамин муносибат оташ афрӯхта ба он саҷда мекарданд.
Баъди 1000 сол бо дастур ва супоришхои асосгузори сулҳу вахдат и милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Точикистон, мухтарам Эмомали Рахмон дар Тоҷикистон ҷашни Cада эҳё гардид.
Маҳз бо ин супориш дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ин Ид бо шукӯҳ ҷашн гирифта шуд.
    Санаи 29 январи соли ҷорӣ дар шаҳри Гулистон (Қайроққум) низ ин Иди мазкурро бо тантана ҷашн гирифтанд, ки дар он Осоишгоҳи Баҳористон низ фаъолона иштирок намуд.
   Аз ин лиҳоз маъмурияти Осоишгоҳи Баҳористон ҳамаи Тоҷикистониёнро бо Иди Сада табрик менамояд!


Back to the list

Рақами телефони худ ба мо фиристед ва мо ба шумо тамос хоҳад кард!