Мусобиқаи футбол барои дарёфти “Ҷоми Баҳористон – 2015”
Хабари хуш барои ҳаводорони футбол! Аз 13 то 25 январи соли 2015 Осоишгоҳи “Баҳористон” бо мақсади идомаи анъанаи неки худ мусобиқаи Байналхалқии футболро “Ҷоми Баҳористон – 2015” баргузор менамояд. Дар мусобиқа шаш дастаи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон - тимҳои Эсхата” (ш.Хуҷанд), “Истиқлол”(ш.Душанбе), “Хуҷанд” (ш.Хуҷанд), “Хайр” (ш.Ваҳдат) , “Жетысу” (ш.Талдыкорган) ва Дастаи Мунтаҳаби Чавонони Тоҷикистон то 19 сола қувваозмои менамоянд. Мухлисони футболро бозиҳои шавқовар, ҳаловат ва табъи хуш интизоранд! Ба ҳама иштирокчиёни мусобиқа бозии хуб ва муваффақият орзумандем!