
Аз санаи 19 то 25 июли соли 2014, Анҷумани ҷавонони Созмони ҳамкории шанхай дар Осоишгоҳи “Баҳористон” баргузор гардид. Ширкаткунандагони анҷуман ҷавонони панҷ давлатҳои аъзои СҲШ чун Русия, Хитой, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон буданд. Дар Осоишгоҳи “Баҳористон” маротибаи аввал нест, ки семинар, конфронс, симпозиум ва анҷуманҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ барпо мегарданд. Бо ин мақсад дар осоишгоҳ сатҳи баланди хизматгузорӣ, ҷойгиршавии мусоиди иншоотҳо ва толори конфронс, таҷҳизотҳои муосири садоӣ барои маърӯзаҳо ва тарҷумаи мустақим, проекторҳо бо лавҳа, шабакаи интернетӣ ва дигар воситаҳои техникӣ муҳайё гардидаанд.