ҶДММ Осоишгоҳи “Баҳористон” беҳтарин андозсупорандаи соли 2013 дониста шуд!
Бо Қарори Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶДММ Осоишгоҳи “Баҳористон” андозсупорандаи беҳтарини соли 2013 дониста шуд. Дар ҷаласаи коллегияи Кумитаи андози ҷумҳурӣ санаи 8 январи соли 2014, аз ҷониби Сардори кумита Давлатом Н. дар фазои тантанавор ба Директори ҶДММ Осоишгоҳи “Баҳористон” шаҳодатнома ва тӯҳфа “Андозсупорандаи беҳтарини соли 2013” супорида шуд. Давоми соли 2013 дар осоишгоҳ 25 ҳазор нафар истироҳат карданд ва саломатии худро барқарор намуданд. Шароити мусоид ва хизматгузории хуб барои таъмини фаъолияти босуботи осоишгоҳ боис гардид, ки дар навбати худ барои гирифтани даромад ва иҷрои вазифаҳо дар назди буҷа имконият фароҳам сохт. Осоишгоҳ давоми соли 2013 ба буҷа наздик 7млн. сомонӣ пардохт намудааст.