Табиат
Боигарии беҳамтои табии Тоҷикистон – дарёҳои сероб мебошанд. Аксарияти онҳо ба ҳавзаи баҳри Арал тааллуқ доранд, танҳо якчанд дарёи Помир обҳои худро ба Қарокўл ё ба ҳавзаи Тарима (Хитой) мебарад. Дарёҳо аз ҳамдигар бо манбаъ, реҷа ва моҳияти хоҷагӣ тафовут доранд. Муҳимтарини онҳо – Панҷ, Вахш, Амударё, Сирдарё, Зарафшон, Кофарниҳон мебошанд, ки дар баландии кўҳҳо маншаъ гирифта, аз обҳои пиряхҳо сероб мешаванд.
Яке аз дарёҳои калонтарин – Панҷ дар масофаи 921-ум км дар шафати сарҳади ҷанубии ҷумҳурӣ ҷорист. Шараёни асосии обии Тоҷикистон дарёи Вахш ба масофаи 525 км обҳои худро мебарад. Ҳангоми ҳамроҳшавии Панҷ ва Вахш дарёи серобтарини ҷумҳурӣ – Амударё тавлид меёбад. Аммо дар ихтиёри Тоҷикистон танҳо ҳудуди ками он – ҳамагӣ 85 км тааллуқ дорад.
Дигар дарёи калонтарини Осиёи Марказӣ – Сирдарё Тоҷикистони шимолиро дар масофаи 105 км убур менамояд. Дар маркази ҷумҳурӣ Зарафшони пурталотум ва тезоб ҷорӣ аст. Дар ҷануб ба дарёи Амударё оби худро дарёи Кофарниҳон мерезад. Дар кўҳҳо дарёҳо аз байни водиҳо гузашта, дар дараҳои пуршах ҷорианд. Дараҳо дар баъзе аз қитъаҳои водиҳои назди Панҷ, Муксу, Бартанг, Язғулом, Шоҳдара, Обихингов маъруфанд.
Ба дарёҷои кўҳӣ инчунин пастафтидаи маҷрои дарё, ки дар як километр аз даҳ то садҳо мерасад. Бинобар ин дарёҳои кўҳӣ бо маҷрои тез тафовут доранд. Баъзан онҷо бо суръати баланд аз боло ба поён бо ҷараёни фашшосзананда нишеб мешаванд.
Аммо дар оне, ки ба водиҳои наздикўҳӣ расиданд, миҷози онҳо дигаргун мешавад. Онҳо ба дарёчаҳои хурд тақсим мешаванд, васеъ ва ором мегарданд. Сирдарё, Вахш, Кофарниҳон, Панҷ ба зумраи чунин дарёҳо шомиланд. Онҳо хеле серобанд, аммо ҷараёни об дар мавсимҳо хеле нобаробар аст.
Обхезиҳо дар Тоҷикистон хеле зуд ва тунд мегузаранд. Дар дарёҳое, ки аз пиряхҳо оғоз мешаванд, обхезӣ ду бор: баҳор ҳангоми обшавии барф ва боридани боронҳо ва тобистон ҳангоми обшавии яхи пиряхҳо ва барфҳои абадӣ мушоҳида мешавад. Дар дарёҳое, ки аз барфи мавсимӣ ва боронҳо сероб мешаванд, обхезӣ дар фасли баҳор ба вуҷуд меояд. Дар фасли сармо ҳаҷми оби дарёҳо якчанд маротиба кам мешавад ва онҳо камоб мешаванд. Реҷаи дарёҳое, ки оби зиёдро дар фасли баҳор ва тобистон меоранд, барои объёрикунии сунъӣ хеле мусоидат мекунанд. Аммо тағйироти ҷиддии ҳаҷми об барои истифодаи онҳо дар тавлиди нерўи барқ монеъ мешаванд. Бинобар ин барои танзими ҷараён обанборҳоро сохтан зарурат дорад.
Захираҳои нерўи сафед дар дарёҳои тоҷик хеле бузурганд. Дарёҳои Вахш ва Панҷ дорои нерӯи беандоза ҳастанд. Барои корамондони соҳаи энергетикаи обӣ дарёҳои хурде, ки аз кўлҳо ҷорӣ мешаванд, ҷолиби таваҷҷўҳ гардидаанд. Байни онҳо Искандардарё, Бартанг ва Ғунд мавқеи махсус доранд. Дар солҳое пешин водиҳои онҷо бо ярчҳои бузург пешгирӣ шуда буданд ва дар болооби ин дарёҳо кўлҳои калон ба вуҷуд омаданд.
Бо сарфи маблағҳои начандон калон дар дарёҳои мазкур нерўгоҳҳои пуриқтидори обиро сохтан имконпазир аст.
Кўлҳо дар кишвар нисбатан камшуморанд. Онҳо асосан дар Помир ва дар кўҳҳои Тоҷикистони марказӣ ҷойгир шудаанд. Дар водиҳо онҳо каманд ва танҳо дар дарёбодҳо дида мешаванд. Аз рўи пайдоиш кўлҳо ба кўлҳои тектоникӣ, пиряхӣ, ярчӣ, карстӣ, дарёбодӣ ҷудо мешаванд. Дар кўҳҳо кўлҳо дар натиҷаи равандҳои тектоникӣ, фаъолияти пиряхҳо ва ё афтидани ярчҳо ба вуҷуд омадаанд.
Кўли калонтарини пиряхӣ-тектоникӣ – кўли Қарокўл аст, ки дар Помири Ғарбӣ дар баландии тақрибан 4000 метр аз сатҳи баҳр боло ҷойгир шудааст, дорои оби шўр ва бидуни мавҷудоти зинда. Масоҳати он бидуни ҷазираҳо 380 км.кв., нуқтаи чуқуртарин тақрибан 240 метр аст.
Кўлҳои Сарез ва Яшилкўл, ки дар натиҷаи заминларза ва фаромадани ярчҳо ба вуҷуд омадаанд, бо шахҳои сарозер иҳота шудаанд ва дар онҳо миқдори моҳӣ зиёд аст. Кўли Сарез хеле чуқур аст. Чуқурии он аз 500 м. зиёд аст. Дар қаторкўҳҳои Зарафшон кўли тектоникӣ – ярчии Искандаркўл ҷойгир шудааст, ки таваҷҷўҳи сайёҳони зиёдро бо зебоияш ба худ ҷалб менамояд.
Дар водиҳои кўлҳо дар дарёбодҳо, инчунин дар чуқуриҳои карстӣ дар натиҷаи нишастани хок ва дигар қабатҷои шусташавандаи замин ба вуҷуд омадаанд. Кўлҳои карстӣ одатан начандон калон, аммо чуқур мебошанд.
Дар ҷумҳурӣ инчунин обанборҳои сунъӣ сохта шудаанд. Дар Сирдарё ва Вахш обанборҳои Фарҳод, Қайроққум ва Саргаҳ сохта шудаанд. Дар болооби дарёи Вахш обанбори Норак ва дигар обанборҳо ба вуҷуд омадаанд. Баҳрҳои «сунъӣ» реҷаи мўътадили кори навардҳоро таъмин менамоянд, барои объёрикунӣ ва обтаъминкунӣ, тараққиёти баҳрнавардӣ мусоидат мекунанд.
Туфайли серобии дарёҳои кўҳӣ ва кўлҳо Тоҷикистон сайёҳон – дўстдорони варзиши экстремалиро ҷалб менамояд. Ин ҷо истироҳати дилхоҳро пайдо кардан мумкин аст: кўҳнавардӣ, истироҳат дар назди гулхан, аспсаворӣ ва ғ., ки ҳамаи ин минтақаи мазкурро махсусан ҷолиб мегардонад.
Баъзе аз намудҳои моҳиҳо: суфмоҳӣ, симмоҳӣ, лаққамоҳӣ, маринка, гулмоҳӣ – аз ҷиҳати парвариши касбӣ мавқеи муҳим доранд. Моҳидорӣ асосан дар Сирдарё, Вахш ва Кофарниҳон амалӣ карда мешавад
Тибқи маводҳои сомонаи www.sogdianapamir.tj