Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Гулистон,
ҶДММ Осоишгоҳи “Баҳористон” Email: info@bahoriston.tj

Фармоиши занг

+992 92 858-55-55
Ru
Tj
En

Таърих

Сомониён (892—999)

Сомониён (форс. سامانیان‎) —  сулолае, ки дар Осиёи Миёна ва Эрон солҳои 819—999 сс. ҳукмронӣ кардааст.

Номи худро аз Сомон-худот аз маҳалли Сомон  наздикии Балх гирифтааст. Барои кўмак ҳангоми пахши шўриши  зиддиарабҳо  Рофеъ ибн Лайс (809-810) ба писарон ва наберагони Сомон соли 872 идоракунии вилоятҳои муҳимтарини Моваруннаҳрро супоридааст. Соли 892 Исмоили Сомонӣ асосгузор (амири)-и давлати Сомониён мегардад, ки ҳамаи тоҷикони Мовароуннаҳр ва Хуросон (Осиёи Миёна, АфҒонистон, Эрони Шарқӣ)-ро ба як давлати марказонидашуда муттаҳид намуд. 

Баъдан ба амирони сомонӣ инчунин Хуросони ба хилофати Аббосиён  тобеиятдошта  тобеъ гардид. Дар солҳои минбаъда ба Сомониён имконпазир гардид, ки аз Бағдод  пурра мустақил гарданд (875-999). Давлати Сомониён соли 999/1005 дар натиҷаи юриши  қабилаҳои туркзабони давлатҳои Қарахониён ва Ғазнавиён аз байн рафт.

Ғуриён (1148—1215)

Ғуриён  ( форс. غوریان‎) — сулолаи суннимазҳаби порсинажод, ки дар Афғонистон, Эрон ва Покистон солҳои 1148-1215 ҳукмронӣ мекард. Сулолаи ҳукмрон аз авлоди Сури, аз Сури ибн Муҳаммад, сарвари қабилаи Ғур дар маҳалли Мандеш  оғоз ёфтааст. Асосгузори сулола Иззуддин Ҳусайн ибн Сом, мирҳоҷиби дарбори Ғазнавиён мебошад. Соли 1150 Ғуриён бо сарварии Алоуддин Ҳусайн (Ҷаҳонсўз) асосгузори сулолаи Ғуриён Ғазнавиёнро мағлуб карданд, Ғазна ва тамоми Хуросонро забт карданд.  Пойтахти давлат шаҳри Ғазна гардид. Аз соли 1186-1187 аз тарафи Ғуриён забт шудани Ҳиндустон оғоз мешавад. Пойтахти дуюми  давлати Ғуриён дар Ҳиндустон шаҳри Лоҳур мегардад. Ғуриён  ба таъсиси султонгарии Деҳлӣ асос гузоштаанд. Дар оғози асри 12 давлати Ғуриён дар натиҷаи муборизаҳои байни ҳамдигарии сулолавӣ шикаст хўрд ва аз тарафи Хоразмшоҳиён забт гардид.

ҶСС Тоҷикистон

Соли 1924 Тоҷикистон ба ҳайати ИҶШС ба сифати ҷумҳурии мухтор дар тарикиби ҶСС Ўзбекистон ворид гардид. Шаҳри Душанбе пойтахти он интихоб шуд. Душанбе соли 1924 дар натиҷаи муттаҳидшавии се маҳал: Сариосиё, Шоҳмансур ва Душанбе ба вуҷуд омадааст.

16 декабри 1929 ҶСС Тоҷикистон таъсис ёфт, ки 5 декабри ҳамон сол ба таркиби ИҶШС ҳамчун ҷумҳурии иттиҳод шомил шуд. Ибтикори ба ҷумҳурии мустақил табдил дода шудани ҶСС Тоҷикистон ба арбоби сиёсӣ Шириншо Шотемур маҳсуб буд.

Дар солҳои 30-юм ва дар рафти Ҷанги Бузурги Ватанӣ  дар кишвар саноатӣ кардани нақшавӣ амалӣ карда мешуд, ки  бо азнавсозии  иқтисоди миллӣ ва воридшавии қувваи кории соҳибтахассус аз Русия ва дигар ҷумҳуриҳои ИҶШС сурат мегирифт.

Аз соли 1946 то 1956  Бобоҷон Ғафуров, арбоби намоёни сиёсӣ ва олими таърихшинос,  котиби якуми КМ ПК ҶСС Тоҷикистон буд.

Дар миёнаи соли  50-ум дар роҳбарияти ҶСС Тоҷикистон зодагони вилояти Ленинобод мақомҳои зиёдро ишғол карда буданд (ҳамаи роҳбарони минбаъдаи КМ ПК ҶССТ Ўлҷабоев, Расулов, Набиев, Маҳкамов  зодагони вилояти зикршуда буданд ё дастпарварони ҳамин вилоят буданд) Ба солҳои 70-ум ва 80-ум ҳолати карахтӣ дар кадрҳо хос буд (Расулов дар вазифаи худ 21 сол роҳбарӣ карда буд).

Самти асосии ҶСС Тоҷикистон – саноати пахта буд. Ҳамзамон дар солҳои 60-70-ум соҳаҳои нави саноат – мошинсозӣ, бофандагӣ, электротехникӣ, кимиёвӣ, инчунин гидроэнергетика ба вуҷуд омаданд.

Соли 1991  ҶСС Тоҷикистон дар натиҷаи барҳамхўрии ИҶШС давлати соҳибистиқлол шуд.

Тоҷикистони соҳибистиқлол

9 сентябри 1991 с. — дар маҷлиси Шўрои Олии ҶТ қабул шудани Изҳорот ва Қарор «Дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон». 9 сентябр рўзи ҷашни истиқолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шудааст.

21 декабри 1991 с. —  воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон юа Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) 

26 феврали 1992 с. —воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА).

2 марти 1992 с. – шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати давлатҳо -  аъзоёни Созмони Милали Муттаҳид (СММ).

1 декабри 1993 сол – шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таркиби  давлатҳо – аъзоёни Ташкилоти Конфронси Исломӣ (ТКИ).

5 майи 1992 – 27 июни 1997 сол – солҳои ҷанги шаҳрвандӣ. Зарар ба хоҷагии халқ дар солҳои ҷанги мазкур расонидашуда зиёда аз 10 миллиардро ташкил кард.

6 ноябри 1994 с. — Қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи натиҷаҳои референдуми умумихалқӣ (26 сентябри 1999 сол ва 22 июни 2003 сол – воридкунии тағйирот ва иловаҳо ба Сарқонуни амалкунанда)

Парлумони нав (Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) санаи 6 ноябрро рўзи ҷашни давлатии Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кардааст.

5 октябри 2009 с. —  қабули қонуни нави ҶТ «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон». Санаи  5 октябр «Рўзи забони давлатӣ» эълон шудааст. 

14 августи 2012 с. — Тоҷикистон ба Конвенсияи эътироф ва амалӣ намудани қарорҳои арбитражии хориҷӣ (конвенсияи Ню-Йорк 1958 с.) ҳамроҳ шуд.

10 декабри 2012 с. —Тоҷикистон ба Ташкилоти Байналмилалии Савдо  (ТБС) шомил шуд.

Рақами телефони худ ба мо фиристед ва мо ба шумо тамос хоҳад кард!