Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Гулистон,
ҶДММ Осоишгоҳи “Баҳористон” Email: info@bahoriston.tj

Фармоиши занг

+992 92 858-55-55
Ru
Tj
En

Дастури президент оид ба ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон ба Осоишгоҳи «Баҳористон»

   Дар фарҷоми сафари корӣ ба вилояти Суғдояти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои ободонӣ дар Осоишгоҳи Баҳористон шинос шуд.


   Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, танҳо дар давоми 3 моҳи аввали соли 2016 аз ҳисоби даромади софи осоишгоҳ як қатор корҳои ободонӣ, аз ҷумла сохтмони фаввораи замонавӣ дар саҳни ҳавлӣ, боғи паррандагони нодир бо кабк, товус, тутӣ, бедона ва шинонидани гулу буттаҳои ороишию дарахтони зебои сояафкан иҷро карда шудааст.
   


 Зимни шиносоӣ аз шароиту имконоти осоишгоҳ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти он баҳри ҷалби ҳарчи бештари истироҳаткунандагон аз дохил ва хориҷи мамлакат дастур дод, ки минбаъд низ корҳои ободониро вусъат бахшанд ва бо завқи баланди зебоипарастию шинонидани гулҳои зебову хушбуй, дарахтони ба саломатии инсон фоидаовар ин маконро ба як мавзеи дилнишин табдил диҳанд. Инчунин Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва сифати хӯрокҳо беҳтар карда шавад.

   Мавриди зикр аст, ки Осоишгоҳи Баҳористон соли 2011 бо дастури бевоситаи Сарвари давлат бунёд шуда, имрӯз ба як макони сайру саёҳат ва истироҳату табобати мардум табдил ёфтааст.

    Дар осоишгоҳ, ки аз 6 бино иборат аст ва барои қабули 800 нафар мизоҷ пешбинӣ шудааст, 365 нафар бо маоши миёнаи 1000 сомонӣ ба мардум хизмат мерасонанд.

   Тибқи иттилои роҳбарияти осоишгоҳ дар шафати роҳравҳо 118 ҳазор гулҳои гуногун, аз ҷумла 17 ҳазор садбарги ҳолландӣ, инчунин каштан, ел, можевелник, серенаи ҳиндӣ ва берёза шинонида шудааст. Дар давраи се моҳи аввали соли ҷорӣ аксари биноҳои таъмирталаби осоишгоҳ азнавсозӣ шудааст.


   Баъди шиносоӣ Сарвари давлат ба роҳбарияти осоишгоҳ барои иҷрои корҳои ободонӣ баҳои арзанда дода, онҳоро барои идомаи ин тадбирҳои нек ҳидоят кард.

      

   Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо як гурӯҳ истироҳаткунандагони осоишгоҳ сӯҳбати самимӣ ороста, аз шароити табобату истироҳати онҳо пурсон шуд. Мардум ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамаи ғамхориҳо изҳори сипосу миннатдорӣ карданд 


http://www.president.tj


Рақами телефони худ ба мо фиристед ва мо ба шумо тамос хоҳад кард!