Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Гулистон,
ҶДММ Осоишгоҳи “Баҳористон” Email: info@bahoriston.tj

Фармоиши занг

+992 92 858-55-55
Ru
Tj
En

Осоишгоҳи Баҳористон шаҳодатномаи навбатии байналмилалиро гирифт

   Намояндагони ташкилоти байналмилалии «CERT INTERNATIONAL» дар рафти маросими тантанавӣ ба роҳбарияти Осоишгоҳи “Баҳористон” шаҳодатномаи ISO 9001:2008 супориданд. Шаҳодатномаи мазкур силсилаи стандартҳои байналмилалиро ба талаботҳои низоми менеҷменти сифати ташкилот ва муассисаҳо инъикос менамояд. Дар асоси натиҷаҳои аудитӣ ташкил шуда, ки мутаносибан бо қоидаҳои шаҳодатнома гузаронида шуд, ташкилоти «CERT INTERNATIONAL» тасдиқ намуд, ки сохтори менеҷменти ташкилоти ҶДММ Осоишгоҳи “Баҳористон” дар муолиҷаи соҳаи осоишию истироҳатӣ, меҳмонхона ва хизматрасонии табобатӣ-ташхиси ба мизоҷони амбулаторӣ ба талаботи стандарти ISO 9001:2008 мувофиқат мекунад. Роҳбарияти Осоишгоҳ изҳори боварӣ намуданд, ки бо ворид намудани намунаҳои нав дар Осоишгоҳи “Баҳористон” хизматрасонии босифатро ба дараҷаи нав ба стандартҳои байналмилалӣ мувофиқ менамояд. Намунаи ISO 9001 –ро зиёда аз 190 давлатҳои ҷаҳон қабул намудаанд. Қисмати онҳо ба сифати намунаи миллӣ асос мегирад.  



Махсусияти стандарти ISO дар он аст, ки онҳо ба ҳама ташкилотҳою муассисаҳо новобаста аз андоза, шакли моликият ва муҳити фаъолият мувофиқ мебошад. Дар ҳолати аз тарафи ташкилоти стандартӣ қабул кардани стандартҳои он ISO 9001 ду номгӯйро соҳиб мешавад: байналмилалӣ ва миллӣ. 

Шӯъбаи иттилоот ва таҳлилии Осоишгоҳи “Баҳористон”

Рақами телефони худ ба мо фиристед ва мо ба шумо тамос хоҳад кард!