Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Гулистон,
ҶДММ Осоишгоҳи “Баҳористон” Email: info@bahoriston.tj

Фармоиши занг

+992 92 858-55-55
Ru
Tj
En

Осоишгоҳи «Бахористон» Рӯзи оиларо таҷлил намуд

   Чорабиниҳои тантанавӣ, бахшида ба Соли оила, имрӯз (14.05.1915) дар беҳтарин, миёни истироҳатгоҳҳои Тоҷикистон – Осоишгоҳи “Баҳористон” доир гардиданд. 
   Ба “Баҳористон”, аз тамоми қаламрави вилояти Суғд оилаҳои намунавӣ, ки дар рушду нумӯи иқтисодиёти кишвар саҳмузор мебошанд, даъват гардида буданд. Барои онхо дар толори маросимҳои осоишгоҳ хони идона ороста шуда, гурӯҳҳои эҷодӣ, бо савту навои худ ба ин маҳфил хушиву хурсандӣ замъ намуданд.



   «Оила ҳамчун асоси ҷомеъаи муосир нагаҳдори арзишҳои умумибашарӣ, фарҳанг ва робитаиҳои таърихӣ маҳсуб ёфта, омили рушду осоиш мебошад» - дар баромади табрикотии худ зикр намуд  сардухтури  Осоишгоҳи “Баҳористон” Баҳодур Султонов. 



   Инчунин дар доираи амалисозии Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ” маросими хатнасури якчанд наврас, ки аз оилаҳои ниёзманд мебошанд, гузаронида шуд. Дар маҷмӯ,  Осоишгоҳи “Баҳористон” , ҳамчу ташкилоти дастгири иҷтимоиёт, пайваста оилаҳои ниёзмандону камбизоатонро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд. Тӯҳфаҳои омоданамудаи Осоишгоҳи “Баҳористон” – ро аз номи директори муасисса Абдумалик Содиқов ба кӯдакон Баҳодур Султонов супурд.




Рақами телефони худ ба мо фиристед ва мо ба шумо тамос хоҳад кард!