Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Гулистон,
ҶДММ Осоишгоҳи “Баҳористон” Email: info@bahoriston.tj

Фармоиши занг

+992 92 858-55-55
Ru
Tj
En

Осоишгоҳи “Баҳористон” дар намоишгоҳи туристӣ ширкат намуд

   18 майи соли 2015, дар доираи амалисозии нақша-чорабиниҳои «Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2017»,  дар шаҳри Хуҷанд намоишгоҳи туристи бо ширкати осоишгоҳҳо ва ширкатхои туристии вилоят баргузор гардид.
   Муассисаи пешсаф миёни осоишгоҳҳо ва хизматрасониҳои меҳмонхонаҳо инчунин дар самти табобату беҳдошти саломатӣ дар намоишгоҳи туристӣ, ки аз ҷониби Раёсати ҷавонон, варзиш ва саёхии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилояти Суғд доир карда шуд, ширкат намуд.
   Бо сухани ифтитоҳи, дар назди ҳозирин, Сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва саёхии вилоят Зариф Мирдадоев баромад намуда, иштирокчиёни чорабиниро хайрамақдам намуд.
   Дар назди ҷамъомадагон директори Генералии ҶДММ “Осоишгоҳи Баҳористон” Абдумалик Содиқов баромад намуда зарурияти рушди туризми дохилиро зикр намуд
   “Тоҷикистон дорои табиати дилфиребу нотакрор ва мавзеъҳои зиёди таърихӣ мебошад. Ва истифодаи самарабахши ин неъмат зарур аст. Мо, дар навбати худ, тамоми шаҳрвандони мамлакатамонро ба осоишгоҳи “Баҳористон” баҳри истироҳат ва беҳдошти саломатӣ даъват менамоем”.





   Дар доираи намоишгоҳ, миёни ҷамъомадагон, озмуни рақси беҳтарин доир гардид. Ғолиби омзмун хонандаи курси аввали колеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд Зебоҷон Ҳошимова соҳиби роҳхати панҷрўза ба осоишгоҳи “Баҳористон” гардид. Роҳхатро, ба ғолиб, муовини директори осоишгоҳи “Баҳористон” Исмоил Исмоилов супурд.



  Қобили зикр аст, ки осоишгоҳи  “Бахористон” баҳри васеъ намудани хизматрасониҳои худ ва рушди туризм, то ба сатҳи байналмиллалӣ, кўшиш ба харҷ медиҳад.  


Рақами телефони худ ба мо фиристед ва мо ба шумо тамос хоҳад кард!