Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Гулистон,
ҶДММ Осоишгоҳи “Баҳористон” Email: info@bahoriston.tj

Фармоиши занг

+992 92 858-55-55
Ru
Tj
En

Мусоҳибаи Директори ҶДММ Осоишгоҳи «Баҳористон» Абдуҷаборов Абдураҳмон Абдулваҳобович

    «Оид ба натиҷаҳои фаъолияти осоишгоҳи «Баҳористон»  дар соли 2016 ва нақшаҳои корӣ дар соли 2017»

   Осоишгоҳи «Баҳористон»  муассисаи табобатию пешгирикунандаи  бемориҳо мебошад, ки ҷиҳати  солимгардонӣ,  муолиҷаи  осоишгоҳӣ-курортӣ    ва аз нав барқароркунӣ  махсус  гардонида  шудааст. Пояи тиббии Осоишгоҳ имкони мусоиди  гузаронидани муоинаи  амиқи дарбаргирандаи маслиҳати духтурони ботаҷриба,  тадқиқоти лабораториву  дастгоҳӣ  ва гирифтани протседураҳои  табобатию солимгардониро   фароҳам меорад.     

      «Баҳористон» - ин шифохонаи ҳозиразамони дорои  ҳайати кории  пешрафта   аст, ки  дар  як ҷо намеистад ва ҳамеша ба пеш дар рӯ ба рӯйи ғояҳои наву  донишҳои муосир ҳаракат менамояд.  Кормандони Осоишгоҳ  ба таври давраӣ курсҳои такмили ихтисосро мегузаранд ва дар семинарҳо доир ба  табодули таҷриба иштирок меварзанд. Дар чорчубаи такмили ихтисос тренингҳои омӯзишӣ  барои ҳайати техникӣ ва кормандони хадамоти ғизоӣ  гузаронида шуданд, ки шарти ҳатмии омӯзиш супоридани имтиҳонот барои тасдиқи дараҷаи кордонӣ мебошад.

   Сатҳи сифати кори Осоишгоҳ ва ҳайати кормандон аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ  ва маҳаллӣ  мавриди баҳодиҳӣ  қарор дода шуд. Сертификати сифати идоракунии  ISO 9001:2008, ки  мақомоти сертификатсияи  «CERT INTERNATIONAL» ва  Агентӣ оид ба  стандартизатсия,  метрология, сертификатсия ва бозрасии  савдои  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон додааст, ташкили дақиқи системаи сифати менҷментро дар Осоишгоҳ тасдиқ менамояд.  Пурра мувофиқ будани дараҷаи  сифати осоишгоҳ   ба стандарҳои байналмилалиро натиҷаи аудити CERT  INTERNATIONAL  дар моҳи  ноябри  соли 2015 такроран тасдиқ  кард. Бояд тазаккур дод, ки дар Тоҷикистон «Баҳористон» ягона осоишгоҳе мебошад, ки сертификати  намунаи ISO 9001:2008 –ро дорад.

   Тайи соли сипаришуда  бунёди тиббии осоишгоҳ навсозӣ  карда шуд, ки барои васеъ кардани доираи хизматрасониҳои тиббӣ имкон фароҳам овард.  Дар оғози соли 2016 бочкаҳои кедрӣ гузошта шуда, таҷҳизоти нави тиббӣ  харидорӣ  гардид, ки барои ташхиси босифати бемориҳои меъда ва роҳи руда иҷозат медиҳад. Имкониятҳои лабораторияҳои Осоишгоҳ васеъ шуда, акнун тамоми хоҳишмандон имкон пайдо намуданд, ки  санҷиши гормон супоранд ва касалиҳои мухталиф ё тамоил  дар кори ғадуди сипаршакл  муайян намоянд. Дар моҳи октябри соли ҷорӣ  бунёди ташхисии осоишгоҳ  бо дастгоҳи нави иридоскоп пурра гардид. Ин асбоб иҷозат медиҳад, ки  касалиҳои органҳои дохилӣ аз рӯйи гавҳараки  чашм  муайян карда шаванд. Ин ташхис ҳанӯз фақат дар осоишгоҳи «Баҳористон»  гузаронида мешавад.  Мебоист тазаккур дод, ки  таҳлили   бозорёбии   сиёсати нархӣ  нишон дод, ки тамоми санҷишҳои  гузаронидашаванда ва протседураҳои тиббӣ дар Осоишгоҳ  хеле арзонтар дар муқоиса бо муассисаҳои табобатии вилояти Суғд мебошанд.

   Мо дар арафаи мавсими нави соли 2016 корҳои таъмиркунӣ ва барқароркуниро дар тамоми иморатҳо шурӯъ кардем. Инфрасохтори  бузург  таваҷҷуҳи бодиққат ва масрафҳои азимро ҷиҳати  нигаҳдории  шароитҳои зарурӣ барои иқомати истироҳаткунандагон талаб менамояд.

   Сохтмони фаввораи нав, ки бо сабку усули муосир иҷро карда шудааст, шинонидани 50 000 растанию  ниҳол ва кушодани гушаи ҳайвоноти “Ҷаҳони паррандагон” аз корҳои асосии ободоникунии соли ҷории осоишгоҳ маҳсуб мешаванд. Ҳамчунин дар соҳили баҳр маҷмааи нави хушманзар барои  истироҳат  бо  ҳавзи хурди  оббозӣ  ва шаршара сохта шуд, ки ҷойи дӯстдоштаи истироҳаткунандагон  гаштааст.

   Лоиҳа оид ба такмили майдончаҳои бозиҳои варзишӣ  татбиқ гардида,  то ҳадди ниҳоӣ ба стандартҳои ҷаҳонӣ наздиктар карда шуданд. Атрофи майдонҳои футбол ва волейболи “пляжӣ”  низ маҳкам карда шуданд.

   Дар давраи  баландии мавсим  мо кушиш намудем, ки аз захираҳои табиӣ  то ҳадди аксар  истифода намоем. Дар чорчубаи  чорабиниҳои  варзишию  завқовар на фақат сафарҳо ба Шаҳристону Искандаркул, балки шинои муштариёни хоҳишманд  бо маҷрои дарёро ташкил намудем. Барои дӯстдорони моҳигирӣ  лавозимоти зарурӣ ва қаиқҳои мотордор  ҷудо намудем, ки  дар баҳр ва ё Сирдарё моҳигирӣ намоянд. Намудҳои  наву  муосири дучархаҳо харидорӣ карда шуданд, ки истифодабарии онҳо миёни кудакон ва калонсолон оммавӣ гаштааст.

   Тамоми ин  тағйиротҳои  куллӣ  боиси афзоиши теъдоди истироҳаткунандагон  гашт, ки мехостанд бо чашмони худ ҳудуди  бозсозишудаи  осоишгоҳро дида, зебоии “Баҳористон”-ро баҳо диҳанд. Бинобар  афзоиши  зиёди меҳмонони осоишгоҳ   фонди ҳуҷраҳо   азнавсозӣ шуда, шумораи ҳуҷраҳои   хоб  бештар карда шуданд ва ин ҳолат имкон дод, ки дар давраи мавсими тобистони имсола  рӯзона то 800 нафар истироҳаткунандагон  қабул карда шаванд. Барои муқоиса дар соли 2015  дар  давраи моҳҳои июн-август ғунҷоиши осоишгоҳ 777 нафарро ташкил медод.  

   Ба туфайли  ин дигаргуниҳо  27 марти соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз Осоишгоҳ  ба фаъолияти “Баҳористон” баҳои баланд  дода, вазифагузорӣ намуданд, ки теъдоди  истироҳаткунандагон аз ҳисоби  шаҳрвандони  хориҷӣ  бояд ба маротиб зиёд карда шавад. Ҳамчунин 14 сентябри соли 2016 дар ҳудуди “Баҳористон”  вохурии Сарвари Давлат, Ҷаноби олӣ, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  бо гурӯҳи сайёҳони хориҷӣ аз шаҳрҳои мухталифи Федератсияи Россия, Қазоқистон ва Қирғизстон  баргузор гардид. Дар ҷараёни суҳбати озод   масъалаҳои вобаста ба  мероси фарҳангии  халқи тоҷик, дурнамои рушди ҷумҳурӣ  ва густариши муносибатҳои  минбаъдаи  дӯстона  бо Россия, рушди саёҳат  ва оммавӣ гардонидани муолиҷаи осоишгоҳӣ-курортӣ дар минтақа баррасию муҳокима гардиданд.

   Аз сентябри соли 2015 инҷониб  корҳои фаъол ва мунназам ҷиҳати  ҷалби сайёҳони хориҷӣ  барои истироҳат ва солимгардонӣ дар Осоишгоҳ  ҷараён доранд. Натиҷаи марҳилавии ин фаъолият боиси  то 10% зиёд гаштани шумораи шарикон гаштааст. Масалан, аз моҳи феврали соли 2016 шартнома  бо Туроператори байналмилалии  "Европорт", ки корхонаи “дочерии”  гурӯҳи ширкатҳои  "Уральские  Авиалинии" маҳсуб мешавад, амал мекунад ва мувофиқи ин созишнома аллакай истироҳаткунандагонро аз шаҳрҳои Екатеринбурга ва  Уфа  қабул менамоем.

   Нишондиҳандаи  калидӣ дар соли равон ин афзоиши теъдоди  истироҳаткунандагон дар муқоиса бо нишондиҳандаи солҳои қаблӣ мебошад. Бо туфайли коркарди стратегия ва  чорабинии мулоҳизакоронаи  таблиғотӣ  дар декабри соли 2015  муяссар гардид, ки дар соли ҷорӣ  беш аз 3000 шаҳрвандони хориҷӣ барои истироҳат ва табобат ба Осоишгоҳи мо ҷалб карда шаванд. Дар соли ҷорӣ  8 қарордод  бо операторони  туристӣ  ва агентиҳои Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қирғизистон  ба имзо расонида шуданд.  Самаранокии  шартномаҳо  бо агентиҳои туристӣ  ба  25%  афзоиш ёфтанд.  Дар соли гузашта бо роҳхатҳои осоишгоҳӣ-курортӣ  сокинони шаҳрҳои  Москва,  Санкт-Петербург, Екатеринбург, Златоуст, Тюмен, Перм, Новосибирск, Красноярска, Хантимансийск, Уфа, Қазон,  Нефтеюганск, Челябинск ва  Сургутро қабул намудем. 

   Аз кишварҳои хориҷаи дур шаҳрвандони  Олмон, Чин,  Белгия, Босния, Ҳиндустон, Эрон, Покистон, Сингапур, Филиппин, Финляндия, Англия, Шветсия, Эстония, Латвия, Ҷопон, Фаронса,    Словения,  Туркия, ИМА, Арабистони Саудӣ, Сербия ва Руминия меҳмонони осоишгоҳ гаштанд.   

   Чорабиниҳои   калонмиқёси таблиғотии  дар қаламрави Қирғизистон  гузаронидашуда, шинохташавандагии номи фирмавии (бренди) осоишгоҳро дар ҳудуди вилоятҳои  Ош ва Ботканд таъмин намуд.

Иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалии туристӣ  дар шаҳрҳои Москав  (MITT-2016) и Екатеринбурге (ExpoTravel-2016) таваҷҷуҳу алоқамандиро  миёни намояндагони соҳаи туризм  барои истироҳат дар Тоҷикистон зиёд намуда, сарҳадоти навро барои ҳамкорӣ кушода  ба коркарди маҳсулоти ҷадид  ва хизматрасониҳо  ҳавасманд намуд.   

   Дар натиҷаи намоишгоҳи байналмилалии туризм ва истироҳат, ки  23-26-уми марти соли 2016 дар шаҳри Москав гузашт, миқдори истироҳаткунандагон  аз ҳисоби сокинони ин шаҳр афзоиш ёфт.    Аллакай дар моҳи апрел, баъди ҳамагӣ як моҳи баргузории намоишгоҳ Осоишгоҳ 20 сайёҳро аз Москав қабул намуд, ки барои шиносоӣ бо шароит ва инфрасохтори шифогоҳ дар чорчубаи тури иттилоотӣ омада буданд.

   Таҷрибаи иштирок дар  «ExpoTravel-2016» баҳри  ошкор намудани самтҳои асосии ҳамкориҳо ва ҳамоҳангии амалҳо дар вилояти Свердловск кумак расонид. Дар натиҷаи вохуриҳо масъалаҳои гузаронидани семинарҳо  барои туроператорони Екатеринбург  ва шаҳрҳои наздик муҳокима гардида,  ҷадвали замонӣ  тартиб дода шуда, мавзӯъҳо ҷиҳати баррасӣ интихоб гардиданд. Якумин семинарҳо аллакай дар моҳи январи соли 2017 гузаронида хоҳанд шуд.  Вохурӣ  бо намояндагони ВАО имкон дод, ки  гузаронидани тури матбуотӣ дар моҳи март дар давраи  ҷашнгирии Наврӯз  мувофиқа карда шавад.

   Бояд таъкид кард, ки сиёсати нархии осоишгоҳ  бо гироишаш фарқ мекунад, арзиши роҳхатҳо  вобаста ба мавсим  тағйир дода мешаванд,  мунтазам  аксияҳо оид ба паст кардани нархҳо гузаронида мешаванд. Таҷрибаи гузаронидани аксияҳои  паст кардани нархҳо  барои шаҳрвандони хориҷӣ низ гузаронида шуд. Феълан  аксия барои давраи зимистон барои тамоми  истироҳаткунандагон  амал менамояд.

   Мо диққати калон  барои истироҳату солимгардонии кудакон зоҳир менамоем. Дар моҳи январи соли 2016 аксияи «Истироҳати  оилавӣ»-ро  татбиқ намудем.  Аллакай нархи роҳхатҳо  барои соли 2017 тасдиқ карда шудаанд. Дар  соли  нав  ҳамагӣ  2 нарх амал хоҳад кард. Фақат мавсими  тобистонро ҳамчун мавсими  баланд ҷудо кардем  ва дигар нархҳоро барои зимистону баҳор ва тирамоҳ муттаҳид намудем.

   Бояд қайд кард, ки  соли 2016  барои осоишгоҳи «Баҳористон» соли боихтилоф ва сермасъала буд.  Дар натиҷа бисёр чизҳоро ба мо омӯзонд ва ҳамзамон дурнамоҳои навро барои рушди минбаъдаамон равшан кард. Мо ҳақ дорем, ки  бо натиҷаҳои ноилшудаамон, ки дурустии самти интихобнамудаамонро тасдиқ мекунад,  ифтихор намоем. Дар натиҷа ба соли 2017 мо бо инфрасохтори бозсозишуда, нақшаҳои васеъшавии минбаъда ва хоҳиши бузурги хизмат ба истироҳаткунандагон  ворид мешавем.

   Мусаллам аст, ки дар назди осоишгоҳи «Баҳористон»  вазифаҳои миқёсашон бузург истодаанд. Ин  дар мадди аввал, албатта, солимгардонии аҳолӣ ва пешниҳод кардани хизматрасониҳои сифатноки тиббӣ буда, ҳамчунин  рушди туризми дохилӣ ва беруниро, аз ҳисоби ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ низ дарбар мегиранд. Ба осоишгоҳ масъулияти ҷиддии татбиқи лоиҳаҳо ва чорабиниҳо баҳри  мукаммалтар  намудани шароити иқомат,  ободикунонии ҳудуд ва ташаккули симои мусбии минтақа дар маҷмӯъ вогузор шудааст.

   Пардаи сирро то охир намекушоям, вале ҳаминро мегӯям, ки дар соли оянда   мо  лоиҳаҳои нав ва хеле ҷолибро  барои татбиқ  омода намудаем.

   Бо истифода аз фурсати муносиб, мехоҳам ба тамоми шариконамон, муштариёни корпоративӣ ва меҳмононамон  барои интихоби осоишгоҳи “Баҳористон” изҳори сипос намоям. 

   Дар соле ки фаро мерасад барои ҳама тандурустӣ,  некуаҳволӣ ва хушбахтии оилавӣ орзӯ  дорам.

Аз дидани Шумоён дар осоишгоҳи “Баҳористон” самимона хушҳол хоҳем гашт!!!!

Рақами телефони худ ба мо фиристед ва мо ба шумо тамос хоҳад кард!